Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт

Низом Қосим

ЧОРҶЎЙИ ШОДОБ

Ҳар қадар ки аз кўҳ дуртар бишавӣ, ҳашамати он ҳамон қадар аёнтар мегардад. Бузургони адабиёти тоҷик ҳар яке чун кўҳ ё чун қуллаеанд, ки бо гузашти солҳову асрҳо бузургиву ҳашаматашон дар назари аҳли дунё торафт меафзояд.
Ҳаким Умари Хайём аз он ҷумла аст. Рубоиёти беназири ў асрҳост, ки монанди чорҷўйи сабз мазраи дилҳоро шодоб медорад ва шуҳрати шоирро афзунтар мекунад.
Боиси шодмонист, ки имрўз шеъри кайҳонии Умари Хайём дастраси аҳли илму адаб ва доираи васеи адабиётдўстон гардидааст. Дар ин кори хайр – омўзишу пешкаши умум кардани рубоиёти беназир ҳиссаи олимони тоҷик низ кам нест. Чанде пеш боз ду маҳсули заҳмату кўшишҳои онон пешкаши хонандагон шуд. Нашриёти «Дониш» «Рубоиёт» (1983, тартибдиҳанда Мирзо Муллоаҳмадов) ва нашриёти «Ирфон» «Сад рубоӣ» (1984, мураттиб Абдураҳмон Абдуманнонов) ном маҷмўаҳои осори шоири шаҳирро нашр карданд. Ин ҷо сухан, асосан, аз хусуси маҷмўаи аввал меравад.
Он 540 рубоиро фароҳам овардааст, ки зоҳиран қариб ҳама ба рўҳи беқарори шоир, дунёи пурнуру пуршўри ў созгору ҳамовоянд. Вале, чунон ки тартибдиҳандаи китоб ҳам зикр кардааст, то пайдо шудани нусхаи муътамадтарин ё дастнависи шоир масъалаи рубоиҳои аслии Умари Хайём низ аз байн нахоҳад рафт.
Бештари рубоиҳои китоби мазкур, ҳам аз лиҳози мазмун, ҳам аз ҷиҳати санъати баланди шеър ва ҳам аз назари фалсафаи бузургворона, бешубҳа, ба Умари Хайём мутааллиқанд. Барои чунин интихоб тартибдиҳанда, бешак, заҳмати зиёде ба харҷ додааст. Бо вуҷуди ин, дар «Рубоиёт» ҷо-ҷо сатрҳое вомехўранд, ки чун сангҳои ноҷои роҳи ҳамвор табъи касро нохуш месозанд.

аз 323
навбатӣ