Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

адабиёти форсизабони Ҳиндустон Абдуллоҷон Ғаффоров овардааст, муаллифи «Суҳуфи Иброҳим» Иброҳималихони Халил чунин зикр мекунад: «Баъди Абдурраҳими хони хонон дар карамгустарӣ ва қадршиносии арбоби камол назири ў барнахоста. Бисёре аз ҳунармандон ба шунидани овозаи ҷудаш аз Эрон рўйи таваҷҷуҳ ба Ҳиндустон гузоштанд». Дар ҳақиқат, дар замони сўбадории Зуфархон дар Кашмир доираи намоёни адабӣ гирд омада буд, ки шоирони машҳуре, чун Соиби Табрезӣ, Ғании Кашмирӣ, Қудсии Машҳадӣ, Салими Теҳронӣ, аҳли он буданд. Аксари онҳо ба созгории он муҳит ишораҳо ҳам доранд. Соиб ҳатто ба ин тарз гуфтааст:

Сайри мулки Ҳинд Соибро баландовоза кард.

Ё худ:

Киро дорем мо ғайр аз Зуфархон дар ҷаҳон, Соиб,
Ниҳоли орзўи мо дар ин ҷо пар бурун орад.

Ҷиҳати дигаре, ки Калимро дилбастаи Кашмир намудааст, бешубҳа, муҳити солими адабӣ, дўстхоҳиву дўстдории миёни шоирони он будааст. Оид ба сабаби озими Кашмир шудани Калим навиштаи муаллифи тазкираи «Асрор-ул-ахёр» («Таърихи Ҳасан») низ ҷолиби диққат ва қобили қабул аст: «…охири умр барои назм кардани шоҳномаи шоҳони чағатоия ба Кашмир фиристоданд ва, дар ин ҷо расида, баъди чанд гоҳ аз ҷаҳон даргузашт ва дар мазори шуаро маъво гирифт» (Аҳрор Мухторов.
«Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон», нашриёти «Ирфон», 1984, саҳ.198). Ин маълумот ҳам гуфтаҳои болоиро қувват медиҳад. Яъне, Калим маҳз ба хотири муҳити созгораш азми Кашмир карда; «назм кардани шоҳномаи шоҳони чағатоия» бошад, танҳо баҳонае буд барои ноил шудан ба ин мақсад. Вагар-

пешина
аз 323
навбатӣ