МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Манзури шоир ин аст, ки серчашмӣ, ё худ чашми сер (қаноату бениёзӣ) иксирест, ки хоки сияҳро зар мекунад, яъне, касро бетамау бениёз мегардонад, ба мурод мерасонад.
Дурўғ аст ошноӣ, рўшноӣ з-он макун бовар,
Сияҳ шуд рўзгорам, то нигоҳи ошно дидам.
Дар ин ҷо сухан аз мақоли халқии «ошноӣ рўшноӣ»
меравад ва бояд он дуруст, бо риояи мавқеи аломатҳои китобатӣ, навишта шавад.
Чунин норасоиҳоро боз ҳам метавон овард, вале, бо ҳамин иктифо карда, чанд нуктаи дигарро хотирнишон месозем. Чунон ки зикр шуд, Калим, агарчи дар дарбор мезист, рўзгори дилҷамъонае надошт. Ба гуфти худи шоир, касе набудааст, ки некхоҳи ў бошад:
Он ки захме аз забони ў нахўрдам, савсан аст
В-он ки бар чашмам надўзад чашми бадбин, сўзан аст.
Аз ин рў, ба ақидаи муҳаққиқон, Калим дар охири умр ба Кашмир меравад ва боқии зиндагиашро дар он ҷо ба сар мебарад. Аҳли таҳқиқ дар ин масъала ба ду фикранд.
Шиблии Нуъмонӣ сабаби муқими Кашмир шудани Калимро дар назаррабоии ин кишвар ва мафтун шудани шоир ба ҳусни он медонад. Ба шаҳодати мураттиби китоби «Гули хуршед», Муҳаммад Тоҳири Насрободӣ ин тавр овардааст: «Дар охир кўфте ба ҳам расонида, моҳиёна ба ҷиҳати ў муайян карда, дар он ҷо фавт намуд».
Вале, ба фикри мо, шароити таърихии даврро ба назар нагирифтан номумкин аст. Тавре ки маълум аст, дар замони ҳукумати Шоҳиҷаҳон Мирзо Аҳсануллоҳи Зуфархон сўбадори (волии) Кашмир буд. Ў марди ободиандешу шоирпарваре буда, худ ҳам бо тахаллуси Аҳсан шеър мегуфтааст ва девон ҳам доштааст. Чунон ки муҳаққиқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё