МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Берун ҳама сарсабзу дарунам ҳама хун аст,
Аз ҳолати ман барги ҳиноро кӣ хабар кард?
Ин қитъаи машҳурро ба Зинатуннисо низ нисбат медиҳанд, вале рўшан кардани асли ҳол кори тадқиқоти оянда аст:
Эй обшор, навҳагар аз баҳри чистӣ?
Чин бар ҷабин фиканда зи андуҳи кистӣ?
Дардат чи дард буд, ки чун ман тамоми шаб
1 Сарро ба санг мезадиву мегиристӣ?!
Ба ҳар ҳол, дар ҳар ду пора ҳам пайванду таносуби сухан басо қавӣ ва забону баён комил аст.
Ғазали зер ҳам аз Зинатуннисост ва баъзе аз маъхазҳо «Турфатулайн»-ро тахаллуси ў гуфтаанд. Аввалан, дар ин мақтаъ он ба маънои тахаллус ҳеҷ намечаспад. Сониян, агар тахаллус мебуд, чаро «Турфатулайн» неву «Турфатулайне»? Аз назари мо ин калима бо маънои асли хеш (айни шигифтиву ҳайронӣ ва ваҷду ҳолат) омадааст. Пасованди номуайянӣ (-е) ҳам ба ин ишора мекунад, яъне, барои майхорагон оғозу анҷоми сабуҳ айни як ҳолати дилхоҳ аст:
Тоза месозад гули пажмурдаро номи сабуҳ,
Рўҳ мебахшад равони мурдаро ҷоми сабуҳ,
Баҳри сайди андалебон эҳтиёҷи дом нест,
Дар гулистон барги гул шуд ҳалқаи доми сабуҳ.
1 Ин пораи басо зебову шевои зеби бисёр баёзу тазкираҳоро ба шоирони зиёд (масалан, Муҳаммад Ҳакимхон дар «Мунтахаб-уттаворих» ба Зебуннисо, Муҳаммадафзали Сархуш дар «Каламот-ушшуаро» ба Ҳаким Ҳозиқ) нисбат медиҳанд. Мавриди баҳс будани масъалаи муаллифаш аз он ҳам аён аст, ки ҳатто ба шоири хушқареҳаи асри бисти Тоҷикистон Зуфархон Ҷавҳариаш мансуб донистаанд (нигаред ба девони мавсуф). Н.Қ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё