Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам,
Хати ту дидаму гуфтам, ки муддао ин ҷост!

Закоти ҳусн агар медиҳӣ, барои Худо,
Биё, ки, Зебуннисо, ҳамчу ман гадо ин ҷост!


Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ,
Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост,

Дар ниҳон хунем, зоҳир гарчи ранги нозанин,
Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.

Баски бори ғам бурун андохтам бар рўзгор,
Ҷома нилӣ кард, инак, бин, ки пушти мо дутост.

Духтари шоҳам, валекин рў ба фақр овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост!

  1. Зинатуннисо

Агарчи дар зиндагиномаҳои хонадони Аврангзеб дар ин хусус ҳарфе нест, бино бар ривоятҳо, Зинатуннисо хоҳари Зебуннисо буда, салиқаи хуб ва табъи равоне доштааст. Соли таваллудаш маълум нест. Соли вафоташро дар баъзе маъхазҳо 1122 ҳиҷрӣ (1743) ва дар баъзеи дигар 1716 тахмин кардаанд.
Дар шаҳри Шоҳиҷаҳонободи Ҳинд ба хок супурда шудааст.
Шеърро хеле содаву равон ва самимиву табиӣ сурудааст. Таваҷҷуҳ кунед ба ин пора:

Аз тобу табаш меҳри саморо кӣ хабар кард?
Аз гиряи ман абри ҳаворо кӣ хабар кард?

пешина
аз 323
навбатӣ