Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дар интихоби намунаҳои шеъри Зебуннисо ба ҳамон андеша такя шуд, ки дар асолати ғазалҳо бо зикри номи аслии шоира бояд ҷойи тардид набошад.


Дур бод аз тан саре, к-ороиши доре нашуд!
Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд!

Дар қиёмат сар чи сон берун кунад аз ҷайби хок
Синаи он кас, ки доғи лоларухсоре нашуд?!

Дар назар шоҳид надорӣ, дида аз олам бипўш,
Кўр беҳ чашме, ки лаззатгири дидоре нашуд!

Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Ғунчаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.

Ҳайф бар аммомаи зоҳид – ба чандин печу тоб
Риштаи тасбеҳ гашту тори зунноре нашуд!

Ҳар матоеро харидорест дар бозори даҳр,
Пир шуд Зебуннисо, ўро харидоре нашуд.


Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост,
Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.

Карашма теғу мижа – ханҷару нигаҳ – алмос,
Шаҳодат ар талабӣ, дашти Карбало ин ҷост!

Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахўрӣ,
Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост!

Зи пой то ба сараш ҳар куҷо, ки менигарам,
Карашма домани дил мекашад, ки по ин ҷост!

пешина
аз 323
навбатӣ