МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
таърихи адабиёт бисёр «Махфӣ»-ҳоро медонад (Шерхони Лудӣ дар «Миръот-ул-хаёл»: «Нуриҷаҳонбегим…
«Махфӣ» тахаллус дошт», далелҳои Абдуллоҷон Ғаффоров дар рисолаи ҷолиби «Зебуннисо ва муаллифони «Девони Махфӣ» («Садои Шарқ», 1966, №4) ва аз онҳо ноогоҳ будани шоираи хуштарбияе чун Зебуннисо ё огоҳона ин тахаллуси маъмулро гирифтанаш бепоя менамояд.
Абдуллоҷон Ғаффоров дар рисолаи мазкур ба хулосаи қатъие мерасад, ки «аз Зебуннисо танҳо як ғазал, як рубоӣ ва як руқъа омада расидаасту халос» (ҳамон ҷо, саҳ.149) ва, бо истинод ба Муҳаммадафзали Сархуш – муаллифи баёзи «Каламот-уш-шуаро», ҳатто байти машҳури «Дар сухан пинҳон шудам…»-ро моли шоири асри ХVII Ҳиндустон Ҳаким Ҳозиқ медонад. Мавсуф ғазали машҳури «Бишканад дасте, ки хам бар гардани ёре нашуд…»-ро аз Зебуннисо мегўяд, вале мақтаи машҳури онро ба Пирўзхон нисбат дода, меафзояд, ки ў бадхоҳи шоира будаасту ин мақтаъро дар ҳаҷви ў гуфтааст. Чунон ки дар китоби «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» зикр шуда, тибқи маъхазе мушоираи Зебуннисо бо Амонӣ ҳам гўё ба як канизи Нурҷаҳонбегим мансуб будааст.
Дар бораи мероси Зебуннисо фикрҳои муҳаққиқон гуногунанд. Шиблии Нуъмонӣ менависад, ки «Аз таснифоти Зебуннисо имрўз чизе боқӣ намондааст; машҳур аст, ки Махфӣ тахаллус мекардааст ва «Девони Махфӣ», ки чоп шуда, ба ў мансуб аст».
Абдуллоҷон Ғаффоров дар мақолаи мазкур ин фикрро, ба далели он ки ҳеҷ яке аз тазкиранигорону муаррихон соҳибдевон будани Зебуннисо ва Махфӣ тахаллус кардани ўро зикр нанамудаанд, беасос медонад ва, бо истинод ба сарчашмаҳо, мегўяд, ки шоира маҷмўае руқъаҳо бо номи «Зеб-ун-нишот» ва баёзи «Иродати фаҳм» доштааст. Аз асари аввал як руқъа ва аз баёз як ғазалу як рубоӣ то ба замони мо расидаасту бас (бино бар ривоят, асари дуюмро канизи шоира ба об афтонда, нобуд кардааст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё