МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Зебуннисо табъи равоне дошта, чунон ки аз ашъораш бармеояд, шоираи мушоҳидакоре будааст. Ва мисли худ хушзавқону ҳозирҷавобонро дар атрофаш ҷамъ мекардааст. Тибқи ривоят ҳангоми сайри боғ назди гулбуне истода, ба Амонӣ ном шоир муроҷиат кардааст:
Эй Амонӣ, гули садбарг чаро механдад?
Амонӣ ҳамоно ҷавоб додааст, ки:
Ба фанои худу бар ғафлати мо механдад!
Албатта, дар ин маврид қудрати шоирии Амонӣ бештар аёну қобили зикр аст, вале хуштабъӣ, бадеҳигўйӣ ва ҳусни муоширату мушоираи Зебуннисо ҳам ниҳон нест.
Зебуннисоро, ки соли 1702 ба дорулбақо сафар кардааст, дар Лоҳур, дар боғе, ки бо завқи худаш сохта будаанд, гўронда, бар санги мазораш ин байташро сабт кардаанд:
Бар мазори мо, ғарибон, не чароғе, не гулест,
Не пари парвона сўзон, не садои булбулест.
Марбут ба ҳаёту эҷодиёти Зебуннисо муаммо кам нест, вале яке аз печидатаринҳояш тахаллуси Махфӣ доштан ё надоштани ўст. Тахмини содаи мо ин аст, ки шоирае баландзавқ, аз хонадони баландпоя ва чунон хушном, бояд бо исми хеш шоирӣ карда бошад ва ғазалҳои баландмазмуне бо ҳусни мақтаи «Зебуннисо» далели инанд.
«Машҳур аст, ки, – менависад Шиблии Нуъмонӣ дар рисолаи «Савонеҳи Зебуннисо», – ў «Махфӣ» тахаллус мекарда ва «Девони Махфӣ», ки чоп шуда, ба ў мансуб аст.
Аммо… ҳеҷ яке аз тазкиранигорону муаррихон соҳибдевон будани Зебуннисо ва Махфӣ тахаллус доштани ўро зикр накардаанд». Ин худ далели муътамад аст ва боз –

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё