Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

мавҷуданд, вале асли ҳол он будагист, ки он муҳаббати маънавӣ бошад ва иродати шоираи назарбаланде ба шеъри осмонии муосири номвараш.
Эҳтимоли солим он аст, ки шояд Зебуннисо хонадон низ бунёд карда бошад. Байти «Ҳар гулеро…» бештар маънии иҷтимоӣ касб кардааст ва беқадрии гулҳои зиндагӣ – аҳли эҳсосу идрокро дар «бозори ҳусн», ки киноя аз дунёст, бо алам бозгў мекунад.
Дар ашъори Зебуннисо ишораҳои зиёде ба ишқу интизориву сўхтану дуриву ҳиҷрон ҳаст ва метавон гуфт, ки ин ҳама аз замин – аз рўзгори худи ў оғоз ёфта, ба авҷ – осмони маъниҳои баланди тасаввуфӣ пар кашидаанд.
Албатта, тахмини муҳаққиқон ҷиҳати бино бар шахси дилхоҳашро наёфтан умре муҷаррад мондани Зебуннисо низ бебунёд нест. Муҳити шоҳона ва дониши фаровону табъи гўёи шоира асоси ин тахмин шуда метавонад.
Ба ҳар ҳол, Зебуннисо дунёи зебое доштааст ва онро бо ҳазорон ранг дар ашъораш ҷовидона карда тавонистааст.
Дар шеърҳои девонаш симои зани сарбаланду назарбаланд ва оқилу зебодиле рўшан ба назар мерасад. Бахусус, хушбиниву хушназарии шоира дар он муҳит ҳайратовару омўзанда аст:

Нола дар ҳангоми меҳнат кардан аз дунҳимматист,
Нест яксон кори олам, Махфиё, мардона бош!

Ва ҳатто оҳанги ҳофизонаи мисраи дувум (ба ёд биёред: «Доимо яксон намонад кори дунё, ғам махўр…») ғуруру бурдборӣ ва салобати шоираро намекоҳад!
Ё худ, ин манзараи зебои муассир, ки сеҳри суханаш пеши назарҳо меорад:

Баст агар, Махфӣ, дари гулшан ба рўят боғбон,
Бо умеди дидани гул дар паси девор бош!

пешина
аз 323
навбатӣ