МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ҳар гулеро як харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебуннисо, ўро харидоре нашуд, –
мегўяд шоира ва, ба фикри мо, домани ин суханон аз зикри ба шавҳар нарасидану муҷаррад пир шудани муаллифашон фаротару фарохтар аст. Фикри мо ин аст, ки шоира аслан дар байти боло ҳасби ҳоли хонадонашро бозгў накардааст ва ба ин ниёз ҳам надошт. «Духтари шоҳ» буд ў, аз муслиму бараҳман ҳазорон «харидор» ҳам дошт, вагарна бо ғуруру ифтихори дилбарӣ намегуфт, ки:
Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро,
Бутпарастӣ кай кунад, гар барҳаман бинад маро!
Далели дигари дилбарии Зебуннисо ва бебунёдии даъвои бино бар нозебоӣ бешавҳар монданаш мушоираи зерин аст:
Зебуннисо:
Аз ҳам намешавад зи ҳаловат ҷудо лабам!
Носиралӣ:
Гўё расида бар лаби Зебуннисо лабам!
Бо чунин шавқу иштиёқ орзуи лаби «нозебое» (духтари шоҳ ҳам бошад!) кардани шоири нозукдилу нозукхаёле чун Носиралии Сарҳиндӣ дар гумон ҳам намегунҷад!
(А.Ғаффоров меорад, ки байти «Пир шуд Зебуннисо…»-ро шоири бадбини ў Пирўзхон навиштааст, вале то пайдо шудани далелҳои муътамад ин фикри хоси як муҳаққиқ хоҳад буду бас).
Дар бораи муҳаббати Зебуннисо ба Мирзо Бедили ҷавон – муқарраби бародараш Аъзамшоҳ ҳам ривоятҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё