ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Аҷаб, хор шудам, ба касе даркор нестам, ҳама маро фаромӯш кардаанд, гӯё ин ҳама сол дар ин дунё набудам! - духтар рӯ ба болишт гузошту хост буғзи гулӯяшро бо ашк берун оварад. Аммо касе ҳалқа бар дар зад.
-Янга, ҳо янга? - садо кард овози занонае.
Фаришта аз ҷой бархосту тахти хобро бо рӯтахтӣ пушонд, мӯйҳои парешонашро бо қаламе, ки дар рӯи миз мехобид, дар тепаи сараш ҷамъ кард ва ба бо хотири мушавваш, ки пинҳон карданаш душвор буд, ба айвон баромад. Домод гум буд, Фаришта ӯро бори охир нимашаб замоне дид, ки ӯ ба сӯи беша шиллик мекард.
Соҳиби овоз зани ҷавони чеҳрахандон буд, ки дар тан пероҳани шоҳии рангоранг ва дар сар рӯсарии сурх дошт. Бо ханда ба ҳавлӣ қадам гузошт, ангор, сад сол боз Фариштаро мешиносад. Дар як даст кӯдаки якуним дусола ва дасти дигараш як табақи калон дошт. Кӯдак сар ба китфи модар гузошта, бо чашмони нимабоз пистонак мемакид.
-Меҳмонои нохондара қабул мекунен? - гуфту баланд хандид.
Фаришта бо меҳмонҳои нохонда бузург шудааст, як хона одам ҳам муроқибат мекунад. Вале ҳоло дастпоча шуд, ӯ табақи вазнинро аз зери бағали меҳмон бардошту дар лаби айвон гузошт.
-Янга, мебахшӣ, ки бехабар омадам, мо деҳотиҳо даъватро интизор намешавем, меҳмон, ки омад, худамон ба диданаш меравем, - гуфт зани ҷавон бо ханда ва раддаи дандонҳои сафедаш дар муқобили гунаҳои сурхаш ҷило доданд.
Фаришта, ки худро на соҳибхона медонист ва на бунадори ин манзил, бо лабханди базуракӣ ба меҳмони саҳаргоҳӣ “биёед, хуш омадед”- гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё