ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ширбиринҷи болорӯған карда будам, отаи кӯдакҳо ҳамин тараф меомад, илтимос кардам, ки маро бо мошин то хонаи шумо бубарад, гуфтам дина шалпар будӣ, шояд гушна хоб рафтӣ... - зан ҳамоно омаданашро тавҷеҳ мекард.
“Отаи кӯдакҳо” эҳтимол ҳамон мардест, ки рӯзи гузашта бо шавҳари ӯ дар назди мағоза бо оғӯши боз бародарсалом мекард.
Меҳмонро ба ҳуҷраи худаш бурду табақи ширбиринҷро дар рӯи мизи ошхона гузошт ва чойники барқиро рӯшан кард. Каме ҳаяҷон дошт. “Агар меҳмон фузулӣ кунаду аз домоду туйю издивоҷ пурсад, дар ҷавоб чӣ бигӯям?” Фаришта сохтакориву нақшбозиро аз бунёд намедонад, аҳли чақ-чақу дугонабозӣ ҳам нест. Солҳои ахир ӯ бештар ба танҳоӣ ва гуфтугӯ бо худ унс гирифт. Аммо ҳоло бояд нақши арӯси навро мебозид ва обрӯи худашу шавҳарашро мехарид.
Меҳмон дар ин ҳуҷра эҳсоси бегонагӣ намекард, гӯё бахше аз ин хонадон буд. Ӯ бачаашро рӯи тахт хобонду дар паҳлуяш дароз кашид ва бе хиҷолат синаи монанди ҳандалак калонашро аз гиребони курта берун овард. Бача баробари дидиани синаи сафеди модараш дасту почак заду “ҳандалак”- ро бо ду даст маҳкам гирифта, пояшро дар камари модар ҳалқа кард. Бо сару садо ва ҳарисона пистон мемакид, нафасаш аз саросемагӣ дар гулӯяш дармемонд, аммо пистонро сар намедод, гӯё бо ҷараёни тези шири модар сабқат мекард.
Фаришта суфра боз карду ширбиринҷи меҳмонро якҷо бо гӯшту кулчаи борхалтаи кампир дар рӯи миз гузошт ва дар сандалии канори миз нишаст. Меҳмон чанд дафъа хост пистонашро аз даҳони кӯдак берун биёрад, аммо бача ҳар бор бедор мешуду зуқ-зуқ мекард. Ниҳоят кӯдакро хоб бурду худаш пистони модарро сар дод.
-Хайрият хобаш бурд, кӯдаки инҷиқ несту лекин як моҳ шуд дандон мебарорад, на шаб хоб дорад, на рӯз, - гуфт зан хиҷолатомез ва гиребони пероҳанашро, ки аз шири сина часпак шуда буд, бо сузанак басту ба сандалии рӯ ба рӯи духтар нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё