Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуршед рӯ ба ғуруб оварда буд ва бо панҷаҳои нармаш гӯё гесӯвони печ дар печи бешазорро шона мезад ва харсангҳои урён аз шуои офтоб чун сандуқи ҷавоҳирот медурахшиданд. Ин рӯзи ниҳоят тӯлонӣ ва аҷибу ғариб, ки на мантиқ дошту на маънӣ билохира ба поён мерасид. Духтар сар ба болин гузошту чашмонашро пӯшид.

Хоби ноороме дошт. Нисфи шаб аз садои шикастани шохаҳо бедор шуд, садо аз он сӯи наҳр меомад. Аз панҷара ба берун нигоҳ карду аввал ду ҷуфт чашми дурахшонро дид ва баъд ду ҳайвони бузургҷуссаро дид, ки шояд хук буданд ё хирс, ки ба ҳам дарафтода хуни якдигарро мерехтанд. Гоҳ дандон ба гулӯи ҳам зада то лаби наҳр ҷар мешуданд ва гоҳ хир-хири онҳо аз байни дарахтҳо ба гӯш мерасид. Аз дур чуғзе беист фарёд мезад ва муҳитро ваҳшатноктар мекард.
Ин дам дари хонаи аввал боз шуду домод берун омад ва ба сӯи беша тир кушод. Он ду ҳайвони бузургҷусса гурехтанд, аммо чуғз ҳамоно фарёд мезад. Хоб аз дидагони Фаришта парид. Чанд соат дар бистар печу тоб хӯрд, ниҳоят қарибиҳои саҳар хобаш бурд.
Саҳар аз хоб бо майнаи гиҷ ва дарди сар бедор шуд, ҳануз бедор набуд, нимхобу нимбедор буд. Бо чашмони нимабоз, ки атрофро хира медид, ба сақф чашм духту хаёл кард дар хонаи падараш аст. Ба садоҳои атроф гӯш дод, аммо на шим-шими ширҷӯшии модараш ба гӯш мерасид, на аккоси саги сиёҳ ва на ғур-ғури падари аз ҳама норозӣ. Чанд дафъа мижа ба ҳам зад, ниҳоят пардаи меҳ аз чашмаш дур шуд ва ҳодисоти рӯзҳои ахир як-як дар зеҳнаш бурӯз кард:

  • Вой бар ман! Зани марди пире шудам, ки маро бо худ ба он лаби дунё бурд. Хонааш, ангор, дар пушти кӯҳи Қоф аст, ки парранда пар занад, параш ва дарранда по гузорад, пояш месӯзад. Бо овардан овард, аммо намедонад бо ман чӣ кор кунад. Шояд ман барояш мисли “астарӣ” будам, як моли камхаридор, ки фурӯшанда онро ҳамчун сарбории матои хушхарид маҷбур ба муштарӣ мефурӯшад ва таҳдид мекунад, ки “агар инро нагирӣ онро намефурӯшам!” Фақат намедонам, ки мавзӯи муомилоти ин мард бо хешовандонаш чӣ буд.
пешина
аз 473
навбатӣ