ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданЯк порча гӯшту ним пора кулчаро бардошт ва ғизоҳои дигарро ба борхалта баргардонд. Аммо сер нашуд дубора бозаш карду ин дафъа кулчаву паниру ангур бардошт ва вазни борхалтаро чен кард, ки мабодо сабук шуда бошад.
Дегхона ҳанӯз сард буд, шояд онро дер боз истифода накардаанд. Атроф ҳам пур аз гарду хок буд.
- Аввал аввал давру барамро тоза кунам, баъд ба хотири ҷамъ сар мешӯям, - гуфт ба худ. Поккориро оғоз карду ҳаммом аз ёдаш рафт. Аз замоне, ки худро ёд дорад, кори хона ҳамеша бар дӯшаш буд. Одат надорад, ки бекор ғел бизанад ва танбалӣ кунад. Баъди марги номзадаш кору бори хона зеҳни ӯро банд мекард ва аз ғусса наҷот медод. Ҳоло ҳам мехост танҳо давру бари худро тамиз кунад, аммо аз хонаи хоб ба ошхона ва аз ошхона ба рӯбучини ҳавлӣ гузашт.
Рӯи ҳавлӣ то зинаҳои долон ҳама пур аз меваҳои тару хушк буд, маълум буд, ҳавлӣ моҳҳо рӯи ҷорубро надидааст.
Зардолуву гелосҳои сиҳатро дар як сабад гузошт ва меваҳои пӯсидаро руфту ба наҳр андохт. Ду-се соати вақташ дар рӯбучини ҳавлӣ гузашт. Домод дигар аз ҳуҷрааш берун нашуд, шояд хобаш бурдааст.
Ҳамом бузург набуд, душ дошту як дастшӯӣ, аммо рафҳояш мисли дукони аттор аз собуну шампун ва крему равғанҳои хушбӯй пур буд.
-Соҳиби ин хушбӯиҳо ва он либосҳои зебо эҳтимол бо аҷала аз ин хона рафтааст, вагарна ин молҳои қиматро ҷо намегузошт, - хулоса кард. - Худо баракатат диҳад, ман бо худ як кулча собун ҳам нагиирифтам, агар ин ҳама моли атторӣ намебуд, дар ин ҷангал аз чирк мепӯсидам!
Як соат шустушӯ кард, мӯи ба қадаш баробарро шустан осон набуд, то як тарафашро шона мезаду ҳамвор мекард, тарафи дигараш ба ҳам мепечид. Оби ширгарму собуни хушбӯй куфти роҳро аз баданаш баровард, вақташ каме хуш шуд. Сарашро бо дастмол басту ба берун баромад то гесӯвонашро дар гармии офтоб хушк кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё