ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданҲатто деворҳои рангкардаи бино низ ба он намуди муносиб намедод. Сечаҳор марди ҷавон, ки дар чиллаи тобистон дар тан ҷома доштанд, дастҳо дар зери бағал дар назди фурӯшгоҳ суҳбати гарме ороста, гоҳ гоҳ ба якдигар чак дода, баланд механдиданд. Онҳо мошинро диданду ҳамзамон чашм ба сӯи ҷода дӯхтанд. Яке аз он мардҳо дастҳояшро аз зери бағалаш берун овард ва ба тарафи мошин қадам бардошт.
- Хуш омадӣ акаи Рашид! Гуфт он мард ва ба сӯи домод, ки баробари аз мошин фаромадан, сигор рӯшан мекард, оғӯш кушод. Мардҳои дигар бо ӯ дастакӣ салом карданд. Онҳо ҳамагӣ ҷавону хушандом буданд.
- Билохира, янгара овардед? - кунҷкобӣ кард он мард, ки ҳанӯз дасти меҳмонро такон медод. Домод бо дили нохоҳам “овардем” - гуфт ва ба сӯи мошин ишора кард. Фаришта рӯймолашро пеш кашиду сар хам кард.
Мардҳо дуздида ба ӯ як нигоҳи кӯтоҳ андохтанд, вале сареъ пушт гардонда, дуртар рафтанд.
-Нағз кардед, ки янгаро овардед, - гуфт он мард бо садои шунаво.
Оилаи ман даҳ бор пурсид, ки акаи Рашид янгаро кай меоранд, ки як ҷо вақт гузаронанд, бечора аз танҳоӣ зиқ мешавад, - ӯ лабханд заду меҳмонро дубора бағал кард, шояд дар ин мавзеи камодам ташнаи меҳмон буд. - Ака дар вақташ омадед, мо ҳар рӯз гаштак дорем, оши туппаву шакароб, кайф мекунед. Домод бо аломати хушнудӣ ба китфи марди чақчақӣ тап-тап заду ӯро ба сӯи дари мағоза тела дод. Мардҳо суҳбаткунон ба “мағоза” даромаданд.
Фаришта рӯймолашро пас кашиду ба давру бараш назар андохт, вале ба ҷуз се чаҳор ҳавливу хонаҳои пастаки лойи дигар сохтмоне надид.
-Шояд ягона ҷойи тафреҳи бошандагони ин мавзеъ тамошои ҳамин фурӯшгоҳ бошад, - аз дил гузаронд ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё