Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фурӯшгоҳ дар баландие ҷойгир буд ва дар поёни он бешаи анбӯҳ доман паҳн мекард. Ҳама ҷо пур аз долу дарахт буд, ҳатто синаи харсангҳо. Ҳар қадар ба беша нигоҳ кард, вале ҷондореро надид, долу дарахт мисли гесувони фирфирӣ ба ҳам печида, сӯзан ҷойе барои афтидан надошт. Аз ин баландӣ бешазор мисли гилеми сабз менамуд, ки онро барои офтоб хӯрдан густурда буданд. Хеле зебо буд.
Ниҳоят мардҳо аз мағоза берун шуданд ва домод мошинро ба назди бушкаи бузурге бурд, ки дар баданаш бо ҳарфҳои каҷукилеб “бинзин” навишта буданд. Даҳ-понздақ дақиқа сӯзишворӣ гирифт ва баъд бо аҳолии кӯчаки деқкада оғӯш ба оғӯш худоҳофизӣ карду “хона биёед”- гуфт.

  • Янга паю қадами нек доштаст, ширкати мобили дар баландӣ мавҷгир насб кард, акнун баҳузур аз саҳар то бегоҳ бо телефон гап мезанему видео мебинем, - чашмак зад ҳамон марди кушодачеҳра.
    Мард ба манзури “олӣ аст” нарангушти дасташро баланд кард.
    Мошин рӯ ба боло ҷодаеро убур мекард, ки дар ду самти он дарахтҳои олучаву зардолу аз серборӣ хам зада, замин аз рангҳои зарду сурху сабз қолипӯш буд. Меваҳои тар дар зери чархҳои бузурги мошин хурд шуда, садои ҳазин мебароварданд. Дар самти рости ҷода, киштаҳои хурду бузурги наску нахуд доман паҳн мекард, ки аз ин баландӣ мисли ҷиҳезаи арӯсон рангоранг менамуд. Нимаи аввали рӯз барои деҳқон беҳтарин вақти кор аст, аммо дар ин киштаҳо касе каланд намезад. Танҳо хӯсаҳои баланди ҷомапӯш буданд, ки аз ин мазраъаҳо посбонӣ мекарданд. Онҳо бо гардиши бод ба чапу рост тоб хурда, бо садои қуттиҳои даври кардани худ паррандаҳоро аз киштаҳо дур мекарданд.
  • Расидем, - гуфт ниҳоят домод баъди ним соат ва мошинро дар рӯ ба рӯи як дарвозаи оҳанин манъ кард, ки ранги осмонӣ дошт. Хона эҳтимол дар баландтарин нуқтаи ин мавзеъ ҷойгир буд ва аз ин баландӣ роҳи тайкардаи онҳо мисли ҷарӣ ваҳшатнок менамуд.
пешина
аз 473
навбатӣ