ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДомод сангҳоро гирифту ба зери сандалии паҳлуяш гузошт ва як искиноси 50-сумаро ба намакфурӯш дароз кард.
Бечора зани ҷавон гоҳ ба пул нигоҳ мекард гоҳ ба харидор, чеҳраи хандонаш маҳзун шуд.
- Амакӣ ман пули майда надорам, бақия дода наметавонам, - гуфт ӯ гунаҳкорона.
- Мушкиле нест, пеши худат бошад, як вақти дигар бармегардонӣ. Ӯ мошинро рӯшан кард. Намакфурӯш дудила шуд.
- Не, ин хел намешавад, як дақиқа истед, илтимос.
- Духтарҳо, ягон кас пули майда дорад?
Занҳо қариб ба роҳи калон расида буданд, аммо бо шунидани садои ҳамкори худ бо сабадҳои вазин ҳамзамон ба тарафи ӯ тоб хӯрданд.
Яке аз занҳо сабадашро ба замин гузошту гиреҳи гӯшаи рӯймолашро кушод. - Ман пули майда дорам, биё бигир!
Зани намакфурӯш ба тарафи дугонааш давид, чангу хок аз пайи кафшҳояш ба осмон мехест. Мошин маътали зани намакфурӯш наистод, бо шаст ба ҳаракат даромад.
Зан аз қафои онҳо хеле давид, дасти росташро алвонҷ медод, мехост мошин манъ шавад. Фаришта давидани ӯро аз тирезаи пуштӣ медид, хеле давид, билохира хаста шуду аз роҳаш гашт. Рӯймоли сурхаш дар паси пардаи чангу хок, ки аз зери чархи мошин мехест, аз назарҳо нопадид шуд.
“Хуб шуд, ки пули он занро нагирифт, кори савоб кард, он бечора муҳтоҷ аст, вагарна теша дар даст дар бари кӯҳ чӣ мекобад?” Роҳ танҳо то домани кӯҳ ҳамвор буд. Аз он ба баъд теппа буду ғурроси муҳаррик. Мошин гоҳ дар як чола мезад, гоҳ дар чолаи дигар, аммо ин теппа ҳам мисли он дашти сӯзон тамомӣ надошт. Қариб якуним соат боло баромаданд то мошин ба ҳамворӣ расид ва дар назди як хонаи лойи маън шуда, ки зоҳиран фурӯшгоҳ буд ва дар гирду пешаш ғарамғарам халтаҳои пиёзу картошка мехобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё