Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Домод молро зиёд савдо накард, пули хостаи савдогарро доду камон дар китф, бо чеҳраи шод дари мошинро боз кард, аммо чашмаш ба Фаришта афтоду, табассум аз лабонаш ғайб зад.
Фаришта инро возеҳ дид. Тааҷҷуб кард, аммо нороҳат нашуд.

  • Дуруст гуфтаанд, ки домод ба падарарӯс меравад! Панҷ соат боз дар роҳем, ақалан намепурсад, гушнаӣ, серӣ, об мехоҳӣ, нон мехоҳӣ, - бо қаҳр аз дил гузаронд духтар.
    Мошин роҳашро дар чорроҳа каҷ накард, мустақим рафту баъди ягон даҳ километр ба тарафи рост тоб хурд, ба самти як кӯҳи баланд, ки дар чиллаи тобистон сафеду барфпӯш буд. Занҳои зиёде ба харсангҳои сафед часпида, чаккуш мезаданд. Поёнтар, дар домани кӯҳ, ки роҳаш ба ҷодаи калон мерасид, занҳои дигар сабадҳои сангин дар болои сар, мисли турнаҳо ба думболи якдигар мерафтанд.
    Рӯймолҳои зарду сурхи онҳо аз дур мисли гулҳои рангоранг менамуд.
    Мошин гашташро суст кард, то занҳо хоку чанг нахӯранд. Яке аз занҳо бо ишораи даст мошинро манъ кард ва чизе гуфт. Ҷавону зебо буд, рухсораҳои арғувонияш аз шарме, ки бо марди бегона гап мезанад, сурхтар шуданд.
    Домод тирезаро кушод ва суоломез ба ӯ нигоҳ кард.
  • Амакӣ намак намехарен? Намаки сангӣ, барои куфтани шакароб ё ба гову мол медиҳед, мелесанд, касал намешаванд...
    Духтар акнун фаҳмид, он кӯҳи сафед кӯҳи намак будаст.
  • Гов надорем.
  • Айлоқ рафтанӣ бошен, бовар кунен, намак даркортон мешава,- зани ҷавон бо ҳар роҳе мехост намакашро фурӯшад.
    Мард зиёд фикр накард.
  • Бошад, биёр, намакро.
    Зан сурхинарӯ сабади вазнинро ба замин гузошту ду похса намакро ба назди тиреза овард.
пешина
аз 473
навбатӣ