Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бобо шавҳари аммаи ман аст, аммаамро ҳам медонед, дар маросими никоҳ паҳлуи шумо нишаста буд. Падарам ва амакамро аммаам бузург кардааст, дар хурдӣ ятим монданд. Аммаам фарзанд надорад. Падари маро ва амаки Рашидро фарзанд медонад.
Амакам зангир набуд, ӯро аз Русия маҷбур оварданд, баргаштан намехост, оварданду зан доданд. Барои ҳамин асабонӣ аст, - духтар лабханд зад. Ӯ ба модараш монанд буд, шакли лоғар ва болобаланди модараш.
Ногоҳ дар кушода шуд ва духтари соҳибхона суҳбатро қатъ карду аз ҷой бархост. Кампир домодро ба назди арӯс овард ва ба наберааш ишора кард, ки аз хона барояд.
Фаришта аз ҷой бархосту чодарашро дубора пеш кашид.

  • Шаби никоҳ танҳо мондани арӯс хубӣ надорад, деву ҷуку ҷондор дар атроф мегардад, -гуфту домодро бо арӯс танҳо гузошта, ба думболи наберааш берун баромад.
    Баробари аз дар берун шудани кампиру набера духтар боз пушт ба домод кард. Хеле гурусна буд, бӯи ғизоҳои синӣ иштиҳояшро бедор мекард. Ӯ бо ду даст шикамашро фишор дод, ки мабодо аз гуруснагӣ садо набарорад. Ҳузури домод ғаши ӯро меовард. “Агар ҳоло ин марди дар синну сол баробар бо падарам ба ман даст дароз кунад, чӣ кор кунам?
    Фарёд занам, худам шарманда мешавам, мегӯянд бо пойи худ омадӣ, мо туро маҷбур накардем, чӣ кор кунам??” - духтар нақшаи аксуламал ба дастдарозии домодро мекашид. Аммо домодро парвои арӯс набуд.
    Ӯ дар гӯшаи дигари тахти хоб нишаста, бо телефонаш бозӣ мекард ё чизе менавишт. Духтар ором шуд ва аз хастагиву асабоният дар такяи девор хобаш бурд. Ёд надорад, чӣ қадар хобид. Як замон ҳис кард, ки касе китфашро такон медиҳад, ҳаросон чашм кушод.
  • Натарсед келин, ин манам, – гуфт соҳибхонаи хандонрӯ, - омода шавед, бояд то баромадани офтоб ба роҳ бароед. Домод дар ҳуҷра набуд, зан ба ҷойгаҳи оҳарӣ, ки як риштааш ҳам ғиҷим нашуда буд нигарист.
пешина
аз 473
навбатӣ