Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кампир аз ҷой бархосту сандуқро кушод.
-Ин туҳфаи ману бобоят ба шумо, гуфт ӯ ва ба тарафи мӯйсафеди сӯфинамо ишора кард. Соҳибхона туҳфаҳои арӯсро ҳам ба сандуқ гузошт, дарашро пӯшид ва калидашро ба Фаришта дароз кард. Фаришта калидро нагирифт. Кампир ба келинаш ишора кард, ки ба арӯс фишор наёрад.

  • Арӯсро хонаи худаш бубар, каме истироҳат кунад, - гуфт ӯ.
    Ҳуҷрае, ки духтар бо кумаки соҳибхона ба он ворид шуд, бо шукӯҳу шаҳомат аз меҳмонхонаи дидааш фарқ надошт, фақат тамоми ашё ва асбоби ороишоти ин хона, аз пардаву гилем то ҷевону қандилу гулдону зарфҳои рӯи миз ҳама ранги ғирмиз дошт. Тахти хоб бо бораҳои зарҳалӣ, болишту болопӯши шоҳӣ ва ду шабчароғи баланд, ки суроби марду зани ҳамоғӯшро ба ёд меовард, низ қирмизӣ буданд. Духтар хонаи ба ин зебоиро бори аввал медид. Ҳуҷраи ӯ дар хонаи падараш як ҳуҷраи соддае буд, ки як тахти хоб дошту як ҷевон. Аммо ин ҳуҷра бо панҷараҳои аз замин то шифт хонаи афсонавиро мемонд. Ӯ бо эҳтиёт ба гӯшаи тахти хоб нишаст.
    Ин дам касе ба дар ангушт зад, духтар ҳаросон чодарашро пеш кашид. Духтари лоғарандоми болобаланд, ки шалвори тангаш пойҳои нозукашро дарозтар нишон медод, дар як синӣ ғизо овард. Ӯ синиро рӯи миз гузошту наздик омад ва чодари арӯсро аз рӯяш бардошт. Дуру дароз ба чеҳраи Фаришта нигоҳ кард, нигоҳаш кунҷковона буд.
  • Шумо хеле зебоед, ман ҳамеша мегӯфтам, ки амакам одами хуш шонс аст! - гуфт ниҳоят духтари почдароз.
  • Ягон чиз бихӯред, гушна мондаед.
  • Ташаккур, гурусна нестам.
  • Шуморо дарк мекунам, хонаи ношинос, одамҳои ношинос, якбора никоҳу издивоҷ, ман ҳам дар ҷойи шумо мебудам шок мешудам. Падари маро медонед, ҳамроҳи бобоям ба хонаи шумо хостгорӣ рафта буд.
пешина
аз 473
навбатӣ