Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ман ба мардум коре надорам, шарти маро ба он

пиракӣ расонед!
Фаришта дар хонаи торик, рӯи гилем, дар паҳлӯи модараш дароз кашид. Бо чашмони боз, ки торикӣ онҳоро бозтар мекард, ба сақфи хона хира шуд. Ин сақф солҳо оташи чашмони ӯро дар ҷони худ эҳсос кардааст. Чашмҳо аввал шод, пур аз шавқу шӯр, лабрези хоҳиш ва моломоли рӯъёҳо буданд. Аммо баъд баҳри пурталотум шуданд, ки мавҷи шӯраш сар ба соҳил мезад ва аз гӯшаи чашмонаш ба болишт сарозер мешуд. Аммо ин чашмон акнун мисли ду пораи ях сарду беҳис буданд. Нолиши модараш нигоҳи Фариштаро аз сақф поён овард. Ӯ аз рахти хоб як болиштро кашиду ба зери сари модараш гузошту рухсораҳои ӯро бо эҳтиёт навозиш кард. Зан хоболуд дасти духтарашро бӯсид. “Бечора модарам, дар зиндагӣ як рӯзи хуш надид!” Ин дам модагови зотӣ, ки гӯсолаи навзод дошт, бо садои гӯшхароше фарёд зад, ба думболи гов садои заъифи гӯсолааш баланд шуд. Ногаҳон ба ёдаш расид, ки на шоми дирӯз ва на ин имрӯз даст ба пистони гов назадаст! Пойлуч ба гӯшаи дигари ҳавлӣ давид ва дар торики деворро палмосиду чароғи оғилро рушан кард. Модагови зотӣ, ки саҳару бегоҳ ду сатил шир медиҳад, ҳоли табоҳе дошт.
Пистонаш мисли халтаи дӯғ варам, чочҳои тарангаш ба чор тараф парешон, танаш дар шошаву саргин тар ва шикамаш аз гуруснагӣ дар пушташ часпида буд. Гӯсолаи нимҷонаш низ аз гуруснагӣ базӯр овоз мебаровард. Модагов бо чашмони ало ба тарафи духтар шох кашид.

  • Аз мо наранҷ, ин ҷо девонахона аст, шояд ягона махлуқи ҳушёр ту бошӣ, ки ғами шиками гушнаи фарзандатро мехурӣ, - гуфт духтар ва говро аз оғил берун оварду дар гӯшаи хушки ҳавлӣ баст ва гусоларо аз банд раҳо карду ба сӯи модараш тела дод.
  • Бихӯр шири модаратро, ту бештар аз дигарон ба ин мустаҳақ ҳастӣ!
    Гӯсола ба пистони модараш часпида, нуқӣ мезаду шир мехӯрд.
пешина
аз 473
навбатӣ