ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Падараш рӯи кат каҷпаҳлу зада пинак мерафт. Ин дам пойи хоҳар ғеҷиду бо сабади пури ангур аз баландӣ ба замин афтид. Беҳуш буду зулфҳои парпариаш аз зери рӯймол берун шуданд. Ба рӯяш як коса оби сард пошиданд, ранг дар рӯ надошт, дасташ шикаста буд. Аммо падарро дар болои сар диду бо ҳамон дасти шикаста ҳаросон рӯймолашро поён кашид ва зулфонашро пинҳон кард.
Тарси онҳо аз падар ба ин андоза бузург буд.
Аммо ҳоло духтари бузурги хонадон, оне, ки аз ҳама зебо ва боҳуш аст, вале аз бахти бадаш дуру дароз дар хонаи падар мондагор шуд, чашм аз ӯ намеканд ва эҳсос мекард, ки дигар аз ин мард наметарсад.
Духтар гулӯ тоза кард то падарро аз омаданаш огоҳ кунад. Мард саросема тоқиашро ба сар гузошту чорзону зад ва суоломез ба ӯ чашм дӯхт. Фаришта дар муқобили падар бо сари баланд мистод, гардани ҳамеша хамидааш шояд бори аввал ба ин андоза мағрурона баланд шуда буд.
- Шумо барои ман интихоби дигар нагузоштед, бароям нопадарӣ кардед, бошад, бо ҳамон марди пир издивоҷ мекунам. Аммо як шарт дорам.- Фаришта инро гуфту каме сукут кард. Хомӯшии ҳуҷраро чап-чапи даҳони падараш вайрон мекард, ки чормағзи нимпухтаро бо дандон мегазиду шираашро мемакид ва баҷаашро ба лаби дастрахон туф мекард.
- Чӣ шарт дори? - пурсид ӯ тамасхуромез.
Духтар бо танаффур ба падараш нигоҳ кард. Мехост ба рӯяш ханҷол занад, пой дар ҳалқумаш гузорад ва то ҳафа шудан сар надиҳад. Падар мавҷи нафратро дар чашмони духтараш диду аз тарсе, ки мабодо ӯ аз қавлаш нагардад, лаълии чормазро як тараф гузошт. - Пурсидам чӣ шарт дорӣ?
- Тӯю тантана намехоҳам. Маслиҳати тӯй ҳам даркор нест, ҳар вақт, ки хост, маро ба хонааш бубарад.
- Чӣ хел? Магар бе тую тамошо мешавад? Мардум чӣ мегӯяд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё