Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чеҳраи боз дошт садои омирона, бо кафшҳои локзадааш омирона қадам мезад, мисли мардуми пулдор карру фар дошт, гӯё дар замин не, дар осмон мегашт. Марди дуюм чеҳраи хотирмон надошт, мисли одаме, ки даҳ бор бубинӣ ҳам дафъаи ёздаҳум мепурсӣ, ки “ин одам кӣ буд?”.
Ӯ бо сари хам ва чеҳраи гирифта дуртар аз мӯйсафеди сӯфинамо меистод, сару либосаш ҳам муносиби меҳмонӣ набуд, муносиби синну солаш ҳам набуд, як пироҳани варзишӣ, ки рӯяш аксу навиштаҷот дошт ва шими васеи варзишӣ. Шабеҳи кӯҳнавардҳо буд ва тавре менамуд, ки ӯро аз кӯҳ иҷборан ба ин гурӯҳ ҳамроҳ карданд.
Ин дам соҳиби хона аз дари ҳуҷраи поёнӣ саромесавор сар бароварду “биёед, биёед, хуш омадед”- гуфт ва ба меҳмонон аломат дод, ки одамони ин хона аз омадани онҳо бохабаранд. Мехост зуд ба назди меҳмонҳо барояд, аммо аз ҳаҷони зиёд пойи чапу рости кафшҳояшро иштибоҳ гирифту каме дармонд. Пеш аз худаш бӯи атри арзонаш, ки онро дар ҳолатҳои хос ба сару рӯяш мепошид, ба пеши меҳмонҳо расид. Ӯ беҳтарин либосашро ба бар карда буд, тоқии баланди оҳарӣ қадашро аз будаш баландтар нишон медод.
Марди ҳавобаланд ба сару либоси ҳамапӯши соҳибхона як нигоҳи кӯтоҳ афканду лабханди тамасхуромезе дар чеҳрааш сайр кард. Модару духтар аз панҷараи ошхона ба меҳмонҳо зул заданд, мисли ин ки ношинос буданд. Ё аз шаҳр омаданд, ё аз пойтахт. Фаришта ҳеҷ гоҳ падарашро ба ин андоза хушмуомилаву меҳмондӯст надида буд. Ӯ “чорқат” шуда ба меҳмонҳо салом кард

  • Аз ин тараф гузаред, - гуфту онҳоро ба сӯи зинаҳои ҳуҷраи меҳмоннишин раҳбаладӣ кард. Марди хушлибос чолокона аз паллаҳо баланд шуд ва аз он баландӣ ба боғи калон чашм духт. Марди назарногир интизор шуд, то мӯйсафеди сӯфинамо, ки аз солмандӣ зинаҳоро шумурда роҳ мерафт, пеш гузарад.
    Суҳбати меҳмонҳо тӯл кашид. Онҳо аввал як косаи шӯрбо хурданд ва баъд табақи ош низ холӣ шуд.
пешина
аз 473
навбатӣ