Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Бегоҳ меҳмон меояд, ягон ғизои дуруст омода кунед.
  • Кӣ меояд? Меҳмони худӣ ё бегона? - кунҷковӣ кард зан.
  • Меҳмон, меҳмон аст, худиву бегона надорад! - гуфт ӯ ва почаҳои шимашро бар зада ба сӯи ҳаммом рафт.
  • Либосҳои ҷоравии маро ба ҳаммом бубар!
    Мард аслан парвои меҳмон надорад, на меҳмодӯстдор аст на меҳмонбадбин. Хешони дуру наздик, ҳатто бегонаҳо меоянду мераванд. Ӯ бо меҳмонҳо тавре саломуалейк мекунад, ки ангор онҳоро на дар хонаи худ, балки дар сари бозор дидааст. Хушаш наояд, тарафи меҳмонхона тоб намехӯрад. Меҳмонҳо ҳам феъли ӯро медонанд ва зиёд пурсупос намекунанд, “нағзи акаи Сафар”, мегӯянду дар рӯи кӯрпачаҳои нарм каҷпаҳлу мезананд. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки ӯ барои хурокпазӣ дастур диҳад ё омадани меҳмонеро пешакӣ эълон кунад. Фаришта аз дари ошхона суоломез ба модараш нигоҳ кард ва бо ишораи сар пурсид, ки “кӣ меояд?” Модараш китф дарҳам кашид.
  • Чӣ омода кунам?
  • Шӯрбо дорем, як ду пиёла биринҷ тоза кун оши палав мепазем.-ҷавоб дод зан ва ба меҳмонхона даромад то дастархонро иваз кунад ва шириниву мағзу мавиз барорад.
    Меҳмонҳо қариби шом омаданд.
    Соҳибхона!- садо кард яке аз онҳо, ки аз саги сиёҳи бадвоҳима чашм намеканд. Саги дар байни ҳавлӣ ғелзада шояд нидои “соҳибхона”-ро бисёр шунидааст, ки ба меҳмонҳо як нигоҳи бепарвоёна андохту боз сар ба сукут рафт.
    Меҳмонҳо мутамъин шуданд, ки саг бехатар аст ва боҷуръат ба ҳавлӣ даромаданд. Онҳо се нафар буданд, як пирамарди чун сӯфиҳо саропо сафедпӯш ва ду марди миёнсол, яке ҳавобаланду хушлибос ва дигаре хиҷолативу ахмзада. Оне, ки хушлибосу ҳавобаланд буд, даст дар миён бару дарозии ҳавлии бузургро мисли харидор бо нигоҳ чен мекард.
пешина
аз 473
навбатӣ