Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан иштиҳои чойнӯшӣ надошт, аммо ин суҳбат ҳам барояш хушоянд набуд, баҳона мекофт, ки зеҳни духтарашро аз ин ҳарфҳо дур кунад. Ӯ аввал кулчаҳоро як-як тагу рӯ кард ва болои ҳам чид, пораҳои нонро рӯи кулчаҳо гузошту бо як гӯшаи дастархон пӯшонд. Баъд бо ҳавсала нонрезаҳоро бо ангуштонаш дар лаби дастархон гирд овард ва гӯё аз биринҷ шолӣ меҷӯста бошад, дубора парешон кард.

  • Модар...
  • Шунида бошӣ, дигар чӣ бигӯям? - гуфт ӯ бо дили нохоҳам. Дилаш зиқ аст, ки умрат дар ин хона хазон мешавад, мардум ҳам гап мезананд, аз ин хиҷил аст... Кош ягон хостгор меомаду аз ин ҳарфҳо халос мешудем.
    Ашк дар чашмони маҳзуни Фаришта ҳалқа зад, чонааш аз буғзу алам ларзид.
  • Ин қадар дар назари шумо шум шудам? Агар сарборӣ бошам, ба хонаи холаам меравам, чанд дафъа даъват кард, ки биёям, -гуфт ӯ ва ашкҳояшро бо пушти дасташ руфт.
  • Гиря накун, дар ин дунё ягон зан бешавҳар намондаст, ки ту дуюмаш бошӣ, духтар пиру бахташ мир гуфтаанд.
    Духтар, ки тоби шунидани матали забонзадаи модарро надошт, оҳиста аз сари суфра баланд шуд.
  • Илтимос, дигар шумо барояш субҳона биёред, намехоҳам маро бинаду табъаш хира шавад, - гуфт ӯ ва бетобона ба сӯи хонаи хобаш рафт.
    Модар ба қомати боло ва гесувони ба қад баробари духтараш бо ҳасрат нигоҳ кард.
    -Чашми мардҳо кӯр шудаст, ки ин зебогиро намебинанд?”- гуфт ва пеш аз ғундоштани суфра як фотиҳаи дуру дароз хонд, ки бахти духтараш кушода шавад.
    Духтар ҳамеша ин гуна ноумед набуд. Пештар, ҳатто баъди мурдани номзадаш орзу мекард, ки рӯзе аз хонаи падар бо карнаю сурнай ба хонаи шавҳар меравад ва баъд бо кӯдаконаш бо иззат ба меҳмонӣ меояд. Сандуқро боз мекарду ҷиҳези арӯсиашро ҳаво медод ва бо ин баҳона дар хонаи хилват зару зевар мепӯшид, шоли зар ба сар меандохт, худро дар оинаи бақад тамошо мекард, рухсораҳояш сурх мешуданд ва ӯ ба ҳусни худ хира мешуд.
пешина
аз 473
навбатӣ