ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Замини назди хирманҷоро дирӯз тамом кардем, - ниҳоят гуфт мард ва аз ҷой бархост. Ҳамсараш кафшҳояшро пеши пояш гузошт.
- Либосҳои коритонро дар киф андохтам вақти рафтан аз ёдатон наравад. Имрӯз барвақтар меоед? -пурсид зан.
Мард чизе нагуфт, кифашро бардошту бовиқор аз ҳавлӣ берун шуд. Саволи зан дар ҳаво монд, ӯ ба ин муколамаҳои якҷониба одат кардааст. Гашта ба лаби кат нишасту чойи сардро ба кунҷе партофт ва барои худаш ҷойи гарм рехт.
Гушна буд, аммо дандонхилоли хунолудро диду дилаш беҳузур шуд. “Феъли бадат дар гӯр!” гуфту дандонхилолро бо думи қошуқ аз дастархон берун партофт. - Бачам, биё як пиёлаи чой бигир баъд дастархонро бардор, ки паша ҷамъ нашавад, - зан бо овози баланд духтарашро ба сари суфраи субҳона даъват кард.
Духтар дар пушти дари ҳуҷрааш мунтазири рафтани падар ва маътали ишораи модар буд, ки зуд ҳозир шуд. - Чой сард шудааст, ту бишин ман худам чойро меорам, - гуфт зан ғамхорона ва дар тараддуди аз ҷой бархостан шуд.
- Иштиҳо надорам, шумо чоятонро нӯшед, ман суфраро ҷамъ мекунам. Ӯ аз модараш чашм намеканд. Зан худро ба карӣ зада нону асал мехӯрд.
Ниҳоят дили духтар танг шуду худаш сари нахи гапро кушод.
-Падарам аз ман нороҳат аст, ба рӯям нигоҳ намекунад, гап намезанад, намедонед чаро?
Зан ба хотири оромиши духтар худро бепарво вонамуд кард ва нохудогоҳ ба чойи нимасардаш ду қанд партофт. - Ба дил нагир, кораш бисёр аст, мавсими обёрии мазрааҳо, ҷангу ҷанҷол, занозанӣ, мисли солҳои пеш, - гуфт ӯ ва қандҳоро, ки дар чойи сард ба сахтӣ об мешуданд, бо нӯги қошуқ хурд кард.
-Дишаб, ки косаҳоро мешустам, ҳарфҳояшро шунидам, на ин ки махсус гӯш кардам, тасодуфан шунидам, ҳавлӣ ором буд, садоҳои шумо шунида мешуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё