Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Бале хола, манам... Майсараам, натарс, мувозибат ҳастам, сареътар қадам бардор, то роҳро банд накунем.
Дурўғ мегуфт, Майсараеро ҳам намешинохт, фақат мехост бидуни таъхир ба мотамхона ворид шаванд. Пиразан мутеъона сар такон дод, аммо суръати гомҳояш дигар ба худаш бастагӣ надошт ва бо ҳамон қадамҳои кўдаконаву «шип-шип»-и калўшҳои андозаи духтараки даҳсола, ваҷаб ба ваҷаб пеш рафт. Мардҳои пушти дари мотамхона баробари дидани зани болобаланду хушгил дастҳоро аз зери бағал берун оварда, аз зери абрў ба ў чашм дўхтанд. Зан сарашро ба андозаи имкон поин оварду по ба пойи пиразан саранҷом ба ҳавлӣ ворид шуд ва канори паллаҳои айвон, дар баробари мотамдорон қарор гирифт.
Ҷасади марҳум дар васати айвони боз, дар иҳотаи занони сиёҳу сафедпўш қарор дошт. Ду зани ҷавон ва як духтари наврас бо чашмони варамкарда ва суратҳои пур аз лаккаҳои қирмизӣ, болои сар ва дар ду тарафи майит нишаста, дастмолҳои худро рўйи ў такон медоданду навҳа мекашиданд. Хубиҳояшро месуруданд, дастархони бозашро, меҳрубониҳояшро, дасти савобҷўяшро. Яке ноларо анҷом медод ва дигаре сари овози ўро мегирифт ва монанди намозгузорони яҳудӣ ба чапу рост такон мехўрданд. Инҳо духтарони марҳум буданд, яке чашму абрў, дигаре бинӣ ва сеюмӣ шакли сурати ўро ба ирс бурда буд.
Эҳтимол ағлаб ғаш мекарданд, ки бўйи навшодир дар саросари ҳавлӣ эҳсос мешуд ва парасторе бо хилъати сафед пушти сари онҳо менишаст. Нигоҳе ба занҳои атрофи ҷасад андохт.
Инҷо эҳтимол касе ўро намешинохт, касе ҳам ба ў таваҷҷуҳ намекард. Ҳузури чеҳраҳои ношинос дар мурдахона касеро ба ҳайрат намеорад, аммо ў тақрибан ҳамаи мотамдорони атрофи ҷасадро мешинохт, ҷасадро низ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё