Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре хола хост бо дўстонаш ба осоишгоҳ биравад ва тасмим гирифт ману Найсонро ба шавҳараш вогузор кунад. Чунон доду фарёде бапо кардам, ки садоям ба гўши ҳамсояҳо расид, домани холаро сар намедодам ва мисли курраи улоғ дар замин ғел мезадам. Хола Моҳистон аз ин рафтори ман тааҷҷуб кард, пурсид, ки чаро намехоҳам бо Найсон дар хона бимонам, посух надодам. Қарор шуд маро ба хонаи амма Мунис бифиристанд.
Баъдҳо, вақте бузург шудам, ағлаб фикр мекардам, ки чӣ тавр дар он синни поён тавонистам нияти шайтонии он мардро дарк кунам. Эҳтимол худованд ҳамроҳ бо ҷисми заъфпазир ҳисси шашумро ба зан ҳадя кардааст, то фарди бадахлоқро бишиносад, сиёҳро аз сафед фарқ кунад.
Бо Зайнаб, наваи хола Қалам дар як синф таҳсил мекардам, ҳар субҳ бо ҳам мадраса мерафтем ва зуҳр якҷо бармегаштем. Аммаи ў бо шавҳараш зери сақфи онҳо зиндагӣ мекард. Боре аз ў пурсидам:
– Язнаат туро бағал мекунад? – ҳайрон шуд.
– На, ў маро дўст намедорад, ҳамеша сарзаниш мекунад, мисли бародарам, – Сипас пурсид:
– Шавҳари холаат туро бағал мекунад? – гиряам омад, чизе нагуфтам. Баъзе рўзҳо хола бачаҳояшро назди пизишк мебурд ва ман пеши дўстам мемондам. Язна боре ба думболам омад, доштем ғизо мехўрдем, садояшро аз берун шунидаму такон хўрдам, чумча аз дастам афтид. Хола Қалам рўйи матоъи алвон нақшунигор мекашида ва гўё ғарқи халлоқияташ буд, дар ҳоле, ки сар аз кор барнамедошт, ногаҳон бо садои хеле нарм пурсид:
– Язнаат чи марди хубест, аз ту муроқибат мекунад, ту ва холаат хушбахтед, ки ўро доред, магар не? – Зани боҳушу хирадманд буд хола Қалам, баъд аз ин ҷумлаи баланд сар бардошт ва ба ман хира шуд.

пешина
аз 313
навбатӣ