Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тавзеҳаш бароям душвор аст, аз ин рў ман ҳеҷ гоҳ ўро барои ба холаву амма раҳо кардани ману хоҳари бузургам маҳкум накардам, ҳатто дар рўзҳои сахт ва ғамангези зиндагиам. Ҳамеша фикр мекардам, ки шояд барои ин кор далеле дошт, зиндагӣ охир ба ин содагӣ нест, ман инро хеле зуд фаҳмидам.
Хола Моҳистон нахустин бор дар чаҳорсолагии ман бордор шуд. Аз шодӣ дар курта намегунҷид, маро бештар эрка мекард ва мегуфт: «Худованд ин бачаро аз баракати ту ба ман дод, умре мадюни ту хоҳам буд!» Сарамро рўйи шикамаш мегузошт, то тик-тики қалби хоҳаракамро бишнавам.
Тифли хола авоили моҳи апрел дар авҷи боронҳои баҳорӣ ба дунё омад, ба ў Найсон ном доданд. Шабеҳи акси даврони тифлии ман буд. Ман хеле дўсташ медоштам.
Хола Моҳистон духтарашро дар ҳузури ман зиёд навозиш намекард, то ҳасодат накунам, аммо гоҳо медидам, ки ангўштҳои пойи кўчаки ўро дона-дона мебўсид ва ба дидаҳояш мемолид. Ҳасудиям мешуд, ба гўшае мерафтаму ашкҳоямро бо пушти даст мерўфтам.
Хотираи ман барвақт шакл гирифт, ҳанўз ҳам метавонам баъзе пораҳои парокандаи даврони кўдакиамро ба хотир биёварам. Даври дастархон ҳамеша сари зонуи шавҳари хола менишастам, бо ман мисли падар меҳрубон буд, луқмаи аввалро ба даҳони ман мегузошт. Мисли бисёр бачаҳои бепадару модар ва таҳти парастории ақрабо, мудом ниёз ба тавсифу тамҷид доштам. Мехостам хола бо ман ифтихор кунад, маро бештар аз Найсон дўст дорад. Духтари боҳўш будам. Дар панҷсолагӣ ҳамаи ҳарфҳоро дуруст талаффуз мекардам, ҷумлаҳои солиму мураккаб месохтам ва аз як то сад мешумурдам.

пешина
аз 313
навбатӣ