Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Барои бародари нокомаш мегирист ва баъд дуру дароз ба як нуқта нигоҳ мекарду сар такон медод, гиребони тавба мегирифт ва мегуфт: «Худованд аз нафрини модар паноҳ бидиҳад, бародарамро дуои модарам гирифт».
Аз модарам низ хотироти зиёд надорам, ўро соле як бор барои чанд рўз медидам, дигар ба ў меҳр надоштам, дилтангаш ҳам намешудам. Дар ибтидои муҳоҷираташ соле ду бор меомад, баъдҳо ин ду бор ба як бор табдил шуд. Вақте ин мартаба омад, холаам нагузошт биравад, гуфт, мехоҳад маро расман ба фарзандӣ бипазирад ва ризоияти модарамро талаб кард.
Хола Моҳистон мегуфт: «Хаёл кардам қаламу коғазро ба сарам мезанад, аммо ин корро накард, он қадар осон ба ариза имзо гузошт, ки ман шок шудам. Ў дар он Истамбул касеро дошт ва он мард барояш волотару болотар аз ҳама буд». Амма Мунис талаби фарзандхонӣ накард, ў гуфт: «фарзанди бародарам бе ин коғазбозиҳо низ фарзанди ман аст». Зани дурандеш буд, дилаш ба ҳоли модарам месўхт.
Ақли мани кўдак ба дарки ин таҳаввулот намерасид, ёдам ҳаст, ки хола Моҳистон маро бағал мекарду хушҳолона мегуфт: «Акнун расман духтари ман шудӣ!» Ва ман аз он рўз ба баъд расману ҷисману руҳан духтари холаам шудам. Бароям чизе тағйир накард, аз замоне худро ёд дорам, шабу рўз танҳо як чеҳраро медидам, чеҳраи холаамро, бо риштаҳои одат ва ишқу вобастагӣ бо ў гиреҳ хўрда будам, агар нўки гесўи бофтааш аз кафам мерафт, хобам намебурд.
Хола ҳамеша бо хушдорҳои беҳисобаш меболид, мегуфт аксари ҷавонҳои Донишгоҳи пизишкӣ ошиқи ў буданд. Шояд рост мегуфт, охир хеле хушгил буд. Дар авлоди модариам ҳамаи занҳо хушгилу ба ҳам монанд буданд, аммо холаам дар хушгилӣ аз ҳама фаротар рафта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё