Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар коса миқдоре шир монд, ў як тикка нонро пора-пора ба коса андохт. Шири сард ба нони хушкида ба мушкил нуфуз мекард. Хола пораеро ба даҳон гузошту дар ин тарафу он тараф тоб дод, аммо натавонист фурў бубарад, нонро берун оварду дар гўшаи дастрахон гузошт. Найсон ба суфра наздиктар омад, ў пораҳои нонро дар шир ғарқ карду бо қошуқ фишор дод, тарит кард ва косаро пеши хола гузошт. Хола ин бор нону ширро беиштиёқ фурў бурд, иштиҳояш парида буд. Муддате ба косаи нимахолӣ хира шуд ва баъд нолаи нон дар даҳон, якпаҳлў ғелиду дарҳол хобаш бурд. Шабеҳи навзоде, ки пистони модар дар даҳон хобаш мебарад, ҷўяи шир аз гўшаи лаби нимабози пиразан сарозер шуд.
Найсон аз манзили хола Қалам парешону норозӣ баргашт, аз худаш асабонӣ буд, ки ба як қазияи қадимӣ ин қадар машкуку кунҷков шудааст, худро сарзаниш кард.
«Охир ба ту чӣ? Соҳиби асрор зери сад хирвор хок орамидааст, Санамро ин ҳама сол надида будӣ, сад соли дигар ҳам набинӣ чизе тағйир намекунад!» Ҳавсала надошт аз паллаҳои айвон боло шавад, дар зинаи дуюм нишасту кафшҳояшро берун овард ва пойҳои варамашро дароз кард.
Аз хона садое берун намеомад, бошандагонаш ё хоб буданд, ё худро хоб вонамуд мекарданд. Фарзандони Моҳистон дар як ҳафтаи гузашта аз нолаву шеван, аз омадурафти таъзиягарон, аз суолҳои якрангу посухҳои такрорӣ хаста шуданд. Бо ҳамдигар низ зиёд ҳарф намезаданд, агарчи як суол дар зеҳнашон мечархид: акнун чи хоҳад шуд. Найсону Нахлистон диплом доштанду ҷойи кор, аммо сарнавишти дугоникҳо дар байни замину осмон муаллақ буд.

пешина
аз 313
навбатӣ