Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Бо ман қаҳрӣ буд. Инро бо лаҳне гуфт, ки гўё чизи хосе нест, танҳо як нози хоҳарзода бо хола.
Аммо Санамеро, ки Найсон дид нишоне аз «ноз» надошт, аз чеҳраи ў сардии зимистони қаҳратун нашт мекард, нигоҳаш мисли наштар ба сина мехалид, ба вузуҳ аз хўрду бузурги хонаводаи холааш мутанаффир буд, махсусан аз мурдаи холааш…
Аз он сурати зебои холадухтар танҳо чашмони калони ў дар хотири Найсон монд, чашмоне, ки дар онҳо буғзи азим ба сахтӣ мегунҷид ва хашм монанди деги қатрон меҷўшид...
Найсон ба худ гуфт:
– Аз сари як инсон чӣ бояд бигзарад, то ба ин андоза аз ҳамхунаш мутанаффир шавад?
Ҳайҳот, соҳиби роз асрорашро бо худ ба гўр бурд, аз зиндаҳои роздон модарбузург мондааст, ки сар медиҳаду сир не. Ва хола Қалам, ки гоҳ ба худ асту гоҳ бехуд.
Субҳ ором-ором тулўъ мекард, атроф гургу меш буд ва донаи гандумро мешуд аз ҷав фарқ кард. Найсон мехост дари ҳавлиро бесадо боз кунад, то хуфтагон бедор нашаванд, аммо дарвоза ҷиғи гўшхарош бароварду башиддат аз пушти ў баста шуд. Аз панҷараи кўчаки хонаи рў ба рў сулфаи хола Қалам, шар-шари об ва садои ба сатил бархўрдани косаи оҳанин ба гўш мерасид. Хола бо сару садо таҳорат мекард, аз миёни сулфаҳои сутдори ў овози хоболўди навааш шунида мешуд, ки ғур мезаду модарбузургашро раҳнамоӣ мекард, то замин нахўрад. Ин кулбаи вайронаи мисли катаки мурғро, ки дасти одами миёнқад роҳат ба сақфаш мерасад, писари кенҷаи хола ҳамин сол аз як беваи бесоҳиб харид. Хонаро ба шеваи «исмоилдавон» таъмир кард ва модари музтару фаромўшхотирашро бо аҷала ба онҷо кўчонд. Сипас, манзили модарро ҳамроҳи бародари бузургаш ба ду тақсим карданд ва аз байн девор бардоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё