Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аз мизи канори гулистон, ки фақат як сандалӣ дошт, мешуд ҳадс зад, ки ў танҳо зиндагӣ мекунад. Шаҳбозро ба ҳамон сандалӣ нишонду дастмоли сафедро аз рўйи суфра бардошт, дастархон чанд пора нон дошту як коса шакар ва ду чалпаки равғанин. Истаконро дар шланги канори чаман шусту бо дастмол пок кард ва аз як қумқумаи калон барои Шаҳбоз чой рехт.
– Чизе бихўр писар, хиҷолат накаш.
Сипас чолокона аз зинаҳои айвон боло шуд ва пас аз муддате дар тан пероҳану шалвори рахдор ва дар даст ду коса макаронпалав баргашт, якеро назди Шаҳбоз гузошт ва дигареро дар гўшаи муқобил. Аз анбори кўчаки паҳлўи айвон барои худ сандалӣ овард.
Шаҳбоз иштиҳо надошт, ў танҳо ба эҳтироми пирамард як қошук макаронро ба даҳон гузошту дуру дароз ҷавид ва басахтӣ фурў бурд. Пирамард косаи ғизоро хеле зуд холӣ кард, сипас дандонҳояшро дар оби шланг шусту дубора ба даҳон андохт ва рўйи сандалӣ нишаст.
– Хуб писар, бигў чӣ шудаст, чаро мисли саги кўтакхўрда дар худ фурў рафтаӣ?
Шаҳбоз ибтидо хост бо баҳонае аз посух ба ин суол канор биравад, аммо ғамаш бузург буд, ба як ҳамсуҳбат ниёз дошт. Номаи ғиҷимшудаи Моҳистонро аз ҷайб берун овард.
Пирамард айнакҳояшро пўшиду номаро ба даст гирифт.
Шаҳбоз аз ў чашм намебардошт, синни пирамард ба вузуҳ аз ҳаштод ба боло буд, сурати аспмонанд дошту гунаҳои устухонӣ, кисаҳои зери чашмаш мисли ҷиғилдони буқалум паҷмурдаву овезон буданд, аммо аз ҳамсолони фарсудааш фарқ мекард, мисли камарбанди чармӣ сифту чандир ба назар меомад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо