Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Худаш омад? Ятимаки бечора, дар ҳақаш ҷабр шуда...
– Бале, худаш омад, бо пойи худ, ҳамон тавр ки модарам мегуфт... Номае барояш гузошта буд, аммо нагирифт...
Найсон акнун покети модарашро ба хотир овард.
– Вой Худоҷон, нома аз ёдам рафт!
– Нахлистон!
– Бале.
– Номаи моҳҳо навиштаи модарамро дар васати роҳ парт кардам, Шаҳбозро дидаму нома аз ёдам рафт! Шояд ҳанўз ҳам онҷост. Ҳамроҳ бо хоҳарат бирав, бо худ чароғ бигир, ҳама гўшаву канорро бигардеду номаро пайдо кунед. Вой бар ман, ки натавонистам васияти модарамро иҷро кунам...
Даҳони хола Қалам аз ҳайрат бозтар шуд. Лабони нозуки ў дар ҳошияҳои даҳони бозаш биҷ-биҷ меҷўшиданд.
Тасвирҳое дар ҳофизаи маҳдудаш зуҳур мекард, аммо дарки маънии онҳо барояш душвор буд.
– Модари Санам қазо кардаст?
– Хола, модари Санам зинда аст, дар Туркия.
Ў дубора гиҷ шуд.
– Пас рўйи айвон ҷасади кӣ буд?
– Модари ман буд...Моҳистон буд.
– Ваҳ, Моҳистон мурд? Вой, вой, Худо ўро бубахшад, саволу ҷавобашро осон кунад...
Кампири алангудор дар синну сол аз хола Қалам зиёд тафовут надошт, аммо солиму нерўманд ба назар меомад, ба маҳзи рўшан шудани хотираи кампир мисли шер ба самти ў ғуррид ва суханро дар даҳонаш қатъ кард.
– Ҳарчи буд гузашту рафт, баланд шав, туро то хонаат бубарам, бачаҳоят нигаронат шудаанд.
Хола аз ҷой такон нахўрд, ў акнун сарнахи хотираи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё