Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раҳгузарони хиёбони марказӣ ба ин ҷавони қоматбаланд ва дар худ фурўрафта, ки мўйҳои ҷулида дошту чеҳраи озурда, бо тааҷҷуб нигоҳ мекарданд. аммо ў одамони атрофро намедид, шонаҳояш дар он хиёбони пурҷамъият ба раҳгузарҳо бармехўрду бархеро асабонӣ мекард ва бархе бо тараҳҳум ба думболаш хира мешуданд.
Бо як гурўҳи мардум ба самти боло мерафт ва бо гурўҳи дигар дубора ба хиёбони марказӣ бармегашт, рўз дошт рў ба поин меоварду офтоб рў ба ғурўб. Шаҳбоз камкам аз ҳолати сардаргумӣ берун меомад. Гурусна набуд, аммо забонаш аз хушкӣ дар комаш мечаспид. Нигоҳаш ба фаввораҳои он сўйи ҷода афтод, об аз он шаршараҳо мисли шири рўйи оташ кафк мекарду медамид ва дубора ба ҳавзи пуроб сарозер мешуд. Ў роҳро убур карду ба сўйи фаввораҳо шитофт. Рўйи нимкатҳои давру бари обшор ҷуфтҳое бо якдигар «гўшакӣ» мекарданд, дар нимкати дигар як зани ҷавон пушт ба ҷуфтҳои ошиқ ба кўдакаш шир медод. Ў бо як даст бачаро бағал карда буду бо дасти дигар синаашро мепўшонд ва гаҳ-гаҳ зерчашмӣ ҳаракатҳои Шаҳбозро тамошо мекард. Шаҳбоз канори ҳавз ба зону зада, мисли барзагови аз ҷуфт баргашта, лаб аз даҳони кафколуди ҳавз барнамедошт. Вақте сар боло кард, ҳамон модари ҷавонро дид, ки бо як даст бачаашро бағал карда буд ва бо дасти дигар бутрии обро ба ў медод.
– Оби ҳавз касиф аст, инро бигир.
Шишаи обро гирифту лабханди ғамолўде зад. Зан дилсўзона ба ин ҷавони хушқиёфа нигоҳ мекард.
– Дар каласка нон дорам, мехоҳӣ биёрам?
Шаҳбоз малул шуд, дилаш ба ҳоли худаш сўхт, мехост бигўяд, «ман гадо нестам», аммо сукут кард, даст рўйи сина гузошту ба нишони инкор сар такон дод.
Ў аз даромадгоҳи наздиктарин вориди боғ шуд, маконе буд, орому сокит, сабзу хуррам, бо чамани гулҳои рангоранг ва дарахтони шоҳбулут, ки бо хушагулҳои сафед ба ин макон шаҳомати вежа мебахшид.

пешина
аз 313
навбатӣ