Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Шаҳбозро ба ту бармегардонам Санам, писаратро бармегардонам, аз ў хуб муроқибат кун, ў аз танҳоӣ метарсад, нагзор танҳо бихобад, аз навозиш носер аст, дасти шафқат бар сараш бинеҳ, барояш лолоӣ бихон. Шаҳбози ман бояд акнун ба модари воқеъии худ одат кунад. Аз Худо мехоҳам, ки ин раванд барояш осон хатм шавад.
Рўҳи саргардони ман муҳтоҷи як каф дуо аст, вале талаби раҳмат аз ту беинсофии беш аз ҳад... фақат мехоҳам як бор сари гўрам биёи ва бо садои паст бигўӣ: «хола, бахшидамат».
Чашмони Санам об гирифт ва манаҳаш аз риққат ларзид, ингор румонеро бо поёни ғамангез ба анҷом расонд. Дар ин ҳангом булбуле шаш бор чаҳ-чаҳ зад ва аз наздик шудани бомдод хабар дод. Ў бо хушҳолӣ аз ҷой ҷаҳид, телефонро бардошту охирин шумораи сабтшударо пахш кард.
Баъди буқи шашум садои хоболуди Найсонро шунид.
– Салом Найсон, ин манам Санам
– Шинохтам, то нимашаб мунтазири тамосат будам…
– Эй кош медонистам!
– Чӣ кор кунем?
– Намедонам, ҳарчи ту бигўӣ.
– Хонаи мо ҷойи хубе нест, фикр мекунам аввал бо ту ва баъд бо додару хоҳаронам суҳбат кунам. Ба онҳо мегўям, ки бачаро барои муоина ба духтур мебарам. Шояд дар ягон қаҳвахона ҳамдигарро бубинем?
– Бачаат барои гардишҳои тўлонӣ кўчак нест? Шояд ба хонаи ман биёӣ?
– Бачаро ҳам бо худ бигирам?
– Чаро не?
– Бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо