Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фавзия дар сакарот буд. Медонистам, ки ин марги ногузир рўзе фаро мерасад, аммо тарсидам, ман ҳеҷ гоҳ ҷон кандани инсонро надида будам, раъша бар танам дамид ва ғайри ихтиёр сар зери патў кардаму гўшҳоямро бастам. Дар миёни хобу таваҳҳум ногаҳон модари Юсуфро дидам, аз дари бастаи хона бемалол ворид шуд, ангушт ба лаб гузошту маро ба хомўшӣ даъват кард, сипас болои сари Фавзия нишаст ва калимаи шаҳодатро се бор ба забон овард. Вақте аз зери пату берун омадам, Фавзия рўйи тахт ором мехобид, танаш ҳамвор буд ва сураташ рў ба қибла. Оҳиста ба ў наздик шудаму кафки гўшаи лабашро пок кардам, рўяшро бо чодари сафед пўшидам ва болои сараш нишастаму нола кардам: ба ҷойи духтари Фавзия, ки орзўи доштанашро бо худ ба гўр мебурд; барои армони дидани Қрим, ки дар дилаш монд; барои писараш, ки мурдаи бесоҳибаш се рўз дар сардхона хобид; барои зиндагии беҳосилаш, ки бе ёду ёдгоре ба поён расид.
Аввалин нафаре, ки бо ў дар тамос шудам нигаҳбон буд, бо гиря гуфтам:
– Фавзия мурд. – Ў ҳамроҳ бо Моҳтоб омад. Духтур марги Фавзияро расман таъйид карду манаҳашро баст, онҳо ҷасадро бо тахти хоб ба васати утоқ оварданд ва сандалиҳоро барои таъзиягарон омода карданд. Моҳтоб ба Моҳбегим занг зад, то дар тараддуди хоксупорӣ шавад.
Пас аз марги Фавзия муддатҳо натавонистам ба худ биёям, шабҳо хобам намебурд, чашм мебастаму саҳнаи сакароти ў дар назарам бурўз мекард, лабонам аз табхол пур мешуд ва сояҳои зери чашмам сиёҳу хокистарӣ. Афсурдаву дилшикаста будам, шояд ба ин далел, ки марзи борик ва осонгузари байни маргу зиндагиро бо чашми худ дидам ва нафаси сарди маргро дар пушти гарданам эҳсос кардам.

пешина
аз 313
навбатӣ