Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо кўмаки Эронгул санадҳоямро ба Донишгоҳи омўзгорӣ супурдам ва маро барои як моҳу даҳ рўз аз кор озод карданд. Шомгоҳ фаршҳои Фавзияро мешўстам ва соатҳоро дар утоқи навзодҳо бо Мавҷигул сипарӣ мекардам. Зани хубе буд, бо худ ба утоқи ятимон нишоту оромиш меовард.
Таҳсил дар донишгоҳ осон набуд, барномаи як сола бояд дар ду давраи чиҳилрўза хатм мешуд, аз ин рў, тадрис аз саҳар то шом ҷараён мегирифт, мавзўҳо ва устодон пушти сари ҳам иваз мешуданд, як фан ҳазм нашуда, дигарӣ фаро мерасид. Ҳамсабақҳоям марду занҳои бузургсол буданд, аз тамоми навоҳии кишвар, инсонҳои бисёр содаву меҳрубон, хушахлоқ ва дўстдоштанӣ, аксаран мақому мансабдор.
Ғизои хуб, сарпаноҳи роҳат, меҳрубонии мардуми давру пешам ва оромиши хотир таъсири мусбате рўйи ман мегузошт, мисли гули баҳорӣ мешукуфтаму нумўъ мекардам. Эронгул ба муносибати оғози таҳсил беҳтарин пероҳанҳояшро ба ман тақдим кард ва рўзи аввали таҳсил, вақте бо либосҳои зебову замонавӣ дар саҳни парваришгоҳ зоҳир шудам, ҳамкоронам сар аз панҷараҳо берун оварда, бароям дуо карданд. Наҳору шомро якҷо бо Эронгул мехўрдам, гоҳо маро ба тамошои беруни шаҳр мебурд, ё ба тамошои хиёбонҳои марказӣ. Боре гуфт: «То паноҳгоҳи занон як қадам роҳ аст, мехоҳӣ Асалро бубинӣ?»
Пешниҳодашро бидуни тардид рад кардам. Он макон бо хотироти дардноки ҷисмониву равониям муртабит буд, намехостам ёди он рўзҳоро дубора зинда кунам. Акнун ба дарки рафтори Нигор мерасидам, ки рафту дигар аз ман суроғ накард.
Чиҳил рўз мисли чаҳор рўз гузашт. Имтиҳонот ҳам пушти сар шуду ман ба кор баргаштам. Ба иллати боронгариҳои тўлонии баҳору авоили тобистон ҳавои шаҳр намноку дамгир буд.

пешина
аз 313
навбатӣ