Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Чашмҳо ба сўйи ман дўхта шуданд, нигоҳам ҳамаро аз як сар чарх зад ва дар чеҳраи беҳаракати нигаҳбон нишаст. Ў бо аломати «бачаро бидеҳ» пилк ба ҳам зад... Ногаҳон ҳозирон ҳама дар назарам ноҳозир шуданд, танҳо он зани чодарпўшро дидам, ки сафи коргаронро рахна мекарду ба сўйи ман меомад, пойҳояш аз замин канда буданд, гўё парвоз мекард. Лабонаш баста буд, аммо садояшро мешунидам, мегуфт «азизам, азизам», ҳамон каломеро, ки ман ҳар шаб дар гўши Юсуф мехондам.
Бо ризоият лабханд мезад, аз чашмони мисли зуғол сиёҳаш оромишу нишот нашт мекард. Ногаҳон сарам сангин шуд ва хобам омад, мисле, ки солҳо нахобида будам...
Бомдоди фардо аз хоб бедор шудам, Фавзия болои сарам нишаста буд, зери лаб дуо мехонду рўйи ман «куф»
мекард. Гуфтам:
– Чӣ шудаст?»
Гуфт:
– Ҳеҷ, дирўз кўдакро роҳат ба модараш додиву бо сари баланд аз маърака дур шудӣ, ба думболат рафтам, чашмонат баста буд, аммо роҳро бехато пайдо кардӣ, билофосила хобат бурд. Акнун ту ба ман бигў чӣ шудааст?
Нахостам қиссаи модари Юсуфро ба Фавзия бигўям то Худое нохоста маро девона напиндорад.
Гуфтам:
– Ёдам меояд, ки бачаро ба модараш додам ва рафтам то ғаму афсурдагиамро бар хоб биспарам.
Модари ҷадидаш Юсуфро рўзи баъд ба парваришгоҳ овард, тамоми шаб мижа ба ҳам нагузошта ва бевақфа гиря кардаст. Бачаро ба ман дод, то хумораш бишканад, Юсуф ин бор ҳам гирякунон рафт. Он зани чоқ модари хубе будаст, мошини шик дошт, тўли як ҳафта бачаро ҳар рўз меовард, то ором-ором аз ман дил биканад. Ҳамин тавр ҳам шуд, бори охир вақте он зан ба сўйи Юсуф даст дароз кард, ў бо хушҳолӣ ба сўйи ў болу пар кушод, ҳамон тавр ки мисли гунҷишк ба сўйи ман бол мекушод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо