Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Агарчи имонам ба Фавзия бе қайду шарт буд, аммо замонати ў маро қонеъ накард, баръакс, бештар эҳтиёткор шудам. Шабҳо аз тарс дари утоқамро мебастам, рўзона вақте бачаҳоро берун мебурдам, ки ў дар саҳни ҳавелӣ набошад. Зоҳиран, бадбинии маро эҳсос карда буд, худро ақиб мекашид ва мекушид дигар сари роҳам пайдо нашавад.
Инак, он мард дар ин ҳавои боронӣ, ки саг аз хонааш берун намеомад, рў ба рўям сари зону нишаста буд. Об аз сару рўяш сарозер мешуд ва пўсти гарданаш аз раъшаи қатароти сарди борон тани мурғи паркандаро ба хотир меовард. Ў бо ҳамон чашмони нофиз ҳар порчаи суратамро меомўхт, саранҷом нигоҳаш дар чашмонам қарор гирифт.
– Бачаро ба ту намедиҳанд... аз ў дил бикан, азияташ накун, хонаводаи меҳрубоне ба суроғаш омадаст, бо ишқ бузургаш мекунанд, барояш хушҳол бош.
Инро гуфту ба сўям даст дароз кард, мутеъона дасташро гирифтам ва ба думболаш рафтам.
Эҳтимол он лаҳза аз ҳад беш муҳтоҷи муҳибат будам, вагарна бо бадгумонии беандоза, ки ба ин мард доштам, бояд чорнаъл аз ў фирор мекардам.
Хонааш на қуфл дошт на калид, кофӣ буд дастгирро ба сўйи худ бикашӣ. Ба маҳзи боз шудани дар бухори ғализ ва гармии олуда бо бўйи чарбии гўсфанд ба суратам зад.
Дохили ғуфра гармои олўда ба намӣ дошт, пораҳои гўшт ва думбаи гўсфанд дар як дег рўйи печи барқӣ меҷўшиду ҳавои дохилро хис мекард. Он рўз хайрхоҳе ду-се гўсфандро ба парваришгоҳ хайр карда буд ва нигаҳбон порае аз ҳамон гўштро мепўхт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо