Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зани таҳсилкардаи боҳуше буд, дипломи Донишгоҳи иқтисодии Маскав ва мадраки бонкдориро донишгоҳи Токиёро дошт, бо чаҳор забон озод ҳарф мезад. Ба унвони мудири сатҳи мутавассити як бонки бузург кор мекард. Дар синни 28 солагӣ вақте ҳамсолонаш дасти кам ду бача ба дунё оварданд, бо як хеши дури модараш издивоҷ кард. Талабгори зиёд надошт, шояд ба ин далел, ки синнаш аз меъёри издивоҷ дар як ҷомеаи суннатӣ фаротар рафта буд, ё шояд ба ин хотир, ки бо ҳушмандӣ, мустақилият ва иззати нафси баландаш хушдорҳоро мегурезонд. Издивоҷ бо хеши модараш ўро хушбахт накард, эҳтимол он мардро низ.
Рўзи сеюм соати дувоздаҳ аз хоб баланд шуд, сари ҳол ба назар меомад ва оҳангеро зери лаб замзама мекард, душ гирифт, хароши рўяшро зери чанд қабат ороиш пинҳон кард, шалвори танг ва блузи сафеди гушод пўшид. Воқеан зани ҷаззоб буд, гардани баланд, андомҳои ҳамоҳангу мутаъодил, абрўвони росту чашмони зебое дошт ва чонае, ки бар иродаи мустаҳкамаш таъкид мекард. Шоли нозуки обиро даври гарданаш баст ва ба мучи дастонаш атр пошид, дар ҳоле, ки онҳоро бо ҳам месовид, аз ман пурсид:
– Хуб, чӣ тавр ба назар мерасам?
Забон хоидам, намедонистам чи бигўям, охир ў аз ҳамаи занҳое, ки то ҳол дар ин макон дида будам, фарқ мекард.
– Ээ... ҳм... Хеле зебо...
– Мисле ин ки ба ҳарфи худат мутмаин набудӣ ё мехости чизи дигаре бигўӣ?
– Фақат мехостам шуморо огоҳ кунам, ки бошандагони инҷо шояд аз одамони гирду атрофи шумо фарқ кунанд.

пешина
аз 313
навбатӣ