Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман ин мардро бештар аз ҳар касе дар ин дунё дўст медоштам, ҳатто бештар аз падару модарам. Ў ҳама буду набуди ман буд, нафасам буд. Агар рўзе садояшро намешунидам, дарди хафакон мегирифтам, нафас дар гулўям банд мемонд, дунё бароям танг мешуд. Дурии ўро, таҳқиру таънаҳои бастагонашро таҳаммул мекардам, чун ошиқаш будам, аммо ў ҳеҷ гоҳ ба ман эътимод накард, аз пайи ҳарфи модару хоҳаронаш рафт... Саранҷом маро телефонӣ талоқ дод, ба ҳамин содагӣ, фақат ба ин хотир, ки чанд рўзро дар сари болини модари беморам сипарӣ кардам.
Тавассути телефон талоқам дод, гуфт: «Агар ҳарфи модари ман барои ту аҳамият надорад, пас ту ҳам дигар барои ман вуҷуд надорӣ» Осмон он лаҳза ба сарам фурў рафт...
воқеъан фурў рафт, ман инро возеҳ эҳсос кардам, поин омаду маро мисли ғўк леҳ кард. Шабеҳи девонаҳо шудам, ё шояд дар асл девона будам. Бо аҷала аз хона задам берун ва чанд дақиқа баъд дар умқи рўдхона, ба сурати марг хира мешудам...
...Ним соат пеш ўро дар хиёбон дидам... Бо камоли тааҷҷуб, эҳсосе ба ҷуз танаффур ва таассуф дар вуҷудам ҳулул накард. Бо аҷала пеш омад, то маро ба оғўш бигирад, ўро бо ишораи даст дар нимаи роҳ боздоштам. Маъюс шуд, на ба ин хотир, ки дўстам медошт ва аз муносибати сарди ман ноумед шуда буд, на, ў дарди дигаре дошт. Зиёд ҳошия нарафт, рост ба сари асли матлаб омад:
– «Дирўз модарамро боздошт карданд, мумкин аст ба муддати панҷ сол зиндонӣ шавад, хоҳаронам низ таҳти бозпурсӣ қарор доранд, маро ҳам, агар худам барнамегаштам ба пайгарди байналмилалӣ месупурданд. Мо ҳама акнун ба раҳмати ту ниёз дорем, илтиҷо мекунам, аризаатро бозпас бигир, нагзор як хонавода бадбахт шавад, илтимос».

пешина
аз 313
навбатӣ