Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Мошинҳо буғ мезаданд ва ронандаҳо борони ҳақоратро бар сарам мерехтанд, вале ин дигар бароям аҳамият надошт, муҳим ҷуръату шуҷоати ман буд, ки дошт масири зиндагиамро дигар мекард.
Бо андешаи пайдо кардани як сарпаноҳи муваққатӣ дар хиёбони атрофи сирк беҳадаф қадам мезадам. Бозгашт ба хонаи падар имкон надошт, ман акнун доғи нанги онҳо будам, волидонамро шармандаву мариз кардам, ҳатто агар баргардам, ҳеҷ чизе дигар мисли қабл нахоҳад буд, бародарам бепарда ба ин ишора кард. Ў акнун саркардаи хонадон аст, ҳарчи бигўяд, ҳамон мешавад.
Як-як хешу таборро ба ёд овардам, ба бахти бади ман ҳеҷ кадоме сокини ин шаҳр набуданд. Дўстони мактабиямро низ хат задам, зуҳури як арўси серўза дар ҳар маконе, он ҳам бо русвоии «нодухтарӣ» мардумро шокӣ мекард.
Ягона ҷойи муносиб хонаи муаллимаи риёзиёт буд. Шояд ў маро дарк кунад, ба худ гуфтам, эй кош дар хона бошад!
Пуле надоштам, ки ба автобус нишинам, аз фурўшгоҳи Гулистон то бозори Саховат роҳ рафтам. Муаллима дар ошёнаи чаҳоруми як бинои панҷтабақа, дар як опортмони якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекард, маро диду даҳонаш аз ҳайрат боз шуд. Аз издивоҷам хабар дошт, худам барояш даъватнома бурдам, аз он ки таҳсилро идома намедиҳам, хеле мутаассиф шуда буд.
«Ту инҷо чӣ кор мекунӣ?» – пурсид ў бо таҳайюр.
«Ҳамаро мегўям, иҷозат медиҳед имшаб пеши шумо бимонам?»
«Албатта, биё дохил!»
Муаллима меҳмон дошт, модари маризашро барои табобат аз деҳа ба шаҳр оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё