Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Нигоҳаш бо мо набуд, гўё дошт бо худаш ҳарф мезад.
– Мисли девонаи аз занҷир раҳида худро ба рўдхона андохтам, шиноварӣ балад набудам, ба ҳамин далел сареъ зери об рафтам, ибтидо ҷонам ширинӣ кард, дасту по задаму ду бор рўйи об баромадам, баъд поям раг кашид ва дигар натавонистам ҳаракат кунам. Акнун дошт нафасам мегирифт, зеҳнам тира мешуд ва об аз ҳар сўрохи мумкин ба ҷисмам буруз мекард, ки касе аз мўям кашиду маро аз рўдхона берун овард. Аз шикофи зеҳни меғолўд ду-се навраси 15-16 соларо дидам, ки аз сардӣ меларзиданд ва маро рў-рўйи замин мекашонданд, об аз даҳону димоғам сарозер мешуд. Ба худ омадаму фавҷи тамошобинро дидам, онҳо бо чашмони аз ҳайрат бузургшуда маро тамошо мекарданд. Аз лаҳзаи ба об фурў рафтану берун шуданам шояд ҳафт, ё ҳаддиаксар даҳ дақиқа гузашта бошад, аммо ин ҳама мардум гўё пушти он биноҳо интизори худкуше буданд, ки сареъ ба лаби рўдхона расиданд. Касе ба ёрии таъҷилӣ занг зад, аммо пулис аз амбуланс пештар расид ва маро бо мошин ба бемористон бурданд.
Ў як лаҳза сукут кард то синаи дигарашро аз гиребон берун биёрад. Мо аз ин эътироф моту мабҳут шудем ва дар интизори идомаи достони ҳамсояи нав дам ба дарун задем.
Шонаҳояшро ақиб андохту чашмонашро баст, чанд лаҳза дар ҳамон ҳолат сукут кард ва сипас гуфт:
– Ҳамеша фикр мекардам, ки марг барои ман як поёни хеле дур ва бегона аст, аммо иштибоҳ мекардам, дар лаҳазоте марг ягона доруи раҳоӣ аз дард ва талхии бадбахтӣ будаст. Вақте рўҳ бар тан бори сангин мешавад, мехоҳӣ раҳояш куни...
Зан синаи дуюмашро низ холӣ кард ва ба шири дохили зарф, ки чарби зард бар рўяш нишаста буд, дуру дароз чашм дўхт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё