Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯ ба рӯ бо марг...

Утоқи рақами шаши бемористони марказӣ бо панҷараҳои рў ба боғ, тахту тушакҳои пур аз доғ, фарши тоза рангшуда ва соати беақрабаки рўйи девор ҳеҷ гоҳ ба ин андоза мавриди кунҷковии кормандону беморон қарор надошт.
Парастору тамизкор ва маризон барои сар задан ба ҳуҷраи воқеъ дар охири роҳрав баҳона меҷустанд, то занеро бубинанд, ки соате пеш раҳгузарҳо аз рўдхонаи бузург берун оварданд. Танҳо ҳузури бозраси додситонӣ онҳоро аз тамошои ба истилоҳ ин «сирки бепул» мунсариф мекард.
Бозпурси ҷавон рўйи як дафтари калонҳаҷми шабеҳи «китоби анбор» хам шуда, бо дастхати зебо «протоколи бозпурсӣ» менавишт.
Ў як ҷавони ҳудудан бистуҳаштсолаи пашмолўе буд, абрўвони ба ҳам пайваста, мижаҳои анбўҳ ва мўйи мисли телпак ғафс дошт. Тозадомод ба назар меомад, ҳалқаи наппа-нави издивоҷро мудом дар ангушти дасти росташ мечархонд, гоҳ берун меовард ва дубора ба ҷояш бармегардонд.
Аз зери чашмони шабеҳи чашми гўсола бузургу меҳрубон ба зани аз он дунё баргашта дуздида нигоҳ мекард.
Нигоҳаш ба дафтар буду ҳушаш ба ў, то мабодо монанди қаҳрамони филмҳои ҷиноӣ аз ҷой биҷаҳад ва худро аз ошёнаи дуюм парт кунад, ё исткони рўйи мизро бишиканаду наштар ба рагҳояш бизанад.
Он зан нигоҳи «беҷо» дошт, сафеду ҳаросон, шабеҳи чашми моле, ки қассоб қасди куштанашро дорад. Мисли барги поизӣ меларзид, ё аз сармо, ё аз фишори равонӣ, ё шояд аз андўҳе, ки нагузоштанд бимирад.

пешина
аз 313
навбатӣ