Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба назарам онҳо аслан ба ман фикр намекунанд... Ағлаб аз радио мешунидам, ки «фалонӣ аз хона баромаду дигар барнагашт», тааҷҷуб мекардам, ки оё одам метавонад ба ин содагӣ нопадид шавад? Оре, мешудаст, онҳое нопадид мешаванд, ки ҳеҷ кас сидқан ба думболашон намегардад, ингор гум шуданашон ба салоҳи бастагон аст. Гоҳо бо худ мегўям: «оё дар дунё маконе ҳаст, ки гумшудаҳо дар онҷо пинҳон шаванд ва дигар касе ради пояшонро пайдо накунад?»
Имрўз ба ёди наҷотдиҳандаам афтодам, ба ёди ҳамон ронандаи савобҷўй. Аз ў ба ҷуз кастуми кабуд ва гарданбанди қирмиз чизе ба ёдам намондаст, аммо садояш дар гўшам нишаст. Садояш эътимод илқо мекард…»
Достони Нигор аз ғамноктарин достонҳое буд, ки дар он умри кўтоҳам шунида будам, ҳатто ғами худро фаромўш кардам. Нигор барои ман мисли як модар шуда буд, модаре, ки ба ҳимояти духтараш ниёз дошт. Аз ў беш аз пеш муроқибат мекардам, ҳамон тавр, ки як духтар аз мордари маризаш муроқибат мекунад. Дигар нагузоштам дар ҳуҷра гурусна бинишинад, ўро маҷбур бо худ ба ошпазхона мебурдам, мехостам бидонад, ки ў танҳо зани озордида нест, дигарон низ чунин санҷишҳоро аз сар мегузаронанд, вале аз ҳам намепошанд, роҳеро барои наҷоти худ пайдо мекунанд. Ман он вақт барои дарки пасту баландиҳои зиндагӣ хеле ҷавон будам, фақат мехостам Нигорро аз ин ғори тираи худхуриву ноумедӣ берун биёрам.
Ў ғамҳояшро бо ман во мекард, аммо танҳо як бор пурсид, ки чӣ тавр шуд ба ин ҷо расидам. Зери лаб «ғур-ғур»
кардам, аммо чизи қобили фаҳм нагуфтам, ў ҳам дигар ба ман кордор нашуд, шояд аз хам-хам роҳ рафтанҳоям пай мебурд, ки захми ман ҳам камтар аз лаккаҳои ҷисми ў нест...»

пешина
аз 313
навбатӣ