Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар касе агар маро бо ин ҳол медид, мегуфт, эҳтимол фирории тимористон аст.
Хеле роҳ паймудам то аз дур ҷодаи чароғони мошингард намоён шуд. Ногаҳон мошине дар бехи гўшам буғи ваҳшатнок заду маро аз пой афканд ва башиддат мутаваққиф шуд. Ронанда шояд ба роҳ нигоҳ намекард, ё мутаваҷҷеҳи ман набуд. Ў бо аҷала аз мошин берун омаду ба тарафам давид.
«Чаро дар байни ҷода роҳ меравӣ, магар аз ҷонат безор шудаӣ?»
Рў ба замин афтода будам, чеҳраам дар зери мўйҳои печидаам пинҳон буд.
«Бо туам хола, ҳолат хуб аст?» – посух надодам, хам шуду мўйҳоямро аз суратам дур кард ва дафъатан худро ақиб кашид. Лол шуда буд, хаёл мекард, ки ин захму варамҳо натиҷаи бархўрд бо мошини ўст.
Ҳайрон ба ман нигоҳ мекарду аз ҳайрат пилк намезад.
«Фақат нагў, ки ин ҳама лаккаҳои қирмизу сиёҳро аз як бархўрди сода бо мошини ман, ман бардоштӣ!»
Оҳиста сар баланд кардам.
«Нигарон набошед, ин ҷароҳат рабте ба шумо надоранд»
Он мард қоматашро рост карду «Худоро шукр» гуфт ва оҳи сабук кашид. Сипас сари по рў ба рўям нишаст ва бо чашмони рез ба ман хира шуд.
«Кӣ ин корро бо ту кард?
Посух надодам, охир ба як ғарибаи разҳгузар чӣ мегуфтам!?
«Хонаат куҷост? Дар ин субҳи зуд инҷо чӣ кор мекунӣ?»
...

пешина
аз 313
навбатӣ