ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Қиссаи Мурғи Самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.
Он ки умре мурда-мурда зиндагӣ карду намурд,
Сўхта насўхтан эҷоди аҷдоди ман аст.
Соате Маҳмуд рўйи Руму Рай мебурд даст,
Ибни Сино то ба набзи Нўҳи Сомон даст бурд.
Дар Хуросон заҳр арзон буду позаҳре набуд,
Дар илоҷи заҳри қотил заҳр мебоист хўрд.
Бўалӣ бедору халқи Бўалӣ бедор не,
Бўалӣ ободу мулки Бўалӣ зеру забар.
Пеши ақли Бўалӣ ақли замон кўтоҳ буд,
Пеши дасти Бўалӣ дасти замон кўтоҳтар...
Соате Салҷуқ ба сўйи Кофиён меронд асп,
Дар миёни тиру теғи ҷонситон меронд асп.
Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт,
Теғи ҷонбахшои Сино рўйи дунёро гирифт.
Адиби меҳанпарасту миллатдўсти Доғистон Расул Ғамзатов оид ба лашкаркашиҳои чандинбораи шоҳи Эрон Нодиршоҳ ба Қафқоз, хусусан ба Доғистон, дар асари пурарзишаш «Доғистони ман» мавриди қадимию бузург будани таъриху тамаддуни форсизабонон, хусусан тоҷикон холисона чунин мегўяд:
– Агар шоҳони Эрон ба Доғистон на бо теғу камон, балки бо хиради Фирдавсӣ, бо муҳаббати Хоҷа Ҳофиз, бо шуҷоати Шайх Саъдӣ ва бо дониши нобиғаи ҷаҳон Абўалӣ ибни Сино меомаданд, он гоҳ маҷбур намешуданд, пуштнокӣ ба ақиб баргарданд. Мардуми Доғистон бо гулу гулдаста эшонро пешвоз мегирифтанд.
Ман дар Нишопур мақбараи Умари Хайёмро зиёрат кардам. Дар он ҷо ба худ андешидам: «Дўстам Хайём!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё