Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин шаҳрҳову водиҳои саросар тоҷикнишин панҷ ангуштеро мемонданд, ки дар вақти ҳамлаи аду ба ҳам омада, мушт мешуданд. Зарбаи мушти обдори рустамона фарқи сари душманро ду ним карда, маҷақ менамуд. Сад афсўс, ки имрўз ин ангуштон аз ҳам ҷудоянд. Душманони кўчии саҳронишин ҳоло даъвои ворисияти нобиғаҳои Эронзамини бостонро доранд. Онҳо шарм надошта, Абўалӣ ибни Синои бузургу Аҳмади Дониши маорифпарвар ва дигар нобиғаҳои бузурги моро аз нажоди худ медонанд.
Бухорову Самарқанд ва даҳҳо шаҳру деҳоти тоҷикнишин кам набуд, ки таъриху тамаддун ва олимони ҳамадону шуарову удабои шўҳрати ҷаҳонидоштаи моро аз они худ карданиянд. Чуноне, ки шоир мегўяд:

Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шўҳрати олам гузорад нардбон.
Лек Сино он қадар ин бомро бардоштаст,
Ину он кай метавонад нардбон монад бар он!?

Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту бас,
Лек то ҳафтод пушташ бўйи Сино мекунад.
Пеши ў аз зикри ноне зикри ҷони зинда беҳ,
Орзуи рўҳи волою тавоно мекунад.

Душ мебоист тоҷик Бўалӣ орад ба даст,
Чун набудаш ғайри дарди бедаво нақди дигар.
Интизори нўшдору буд Сўҳробаш ҳанўз,
Дар сари дасти падар, хуншор аз дасти падар.

Рум агар аз қарни Искандар фаромўш кард зуд,
Дар Хуросону Бадахшон зарби кораш монд-монд.

Гар Қутайба аз Бухоро бозпас баргашту рафт,
Дар Бухоро решҳои зулифораш монд-монд.

пешина
аз 191
навбатӣ