ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Акнун, Муҳаммадраҷаб, худат тафаккур кун, ки яксоата тафаккур аз ҳафтодсола ибодат беҳтар аст».
Дар ҳамин вақт садои ҳамшираи шафқат Валентина таноби хобҳои ширини раҳмонию малакутии маро барканд. Бедор шудам, ки худро дар бемористон дидам ва дар болои сарам ҳамшираи шафқат рост истода мегуфт:
– Эй тоҷикбачаи нодони гўлу гумроҳ, ба чӣ хулоса омадӣ?
Ман хомўш, дар фикру ёди хоби дидаам будам. Бори дигар ин суханро такрор кард, ҷавоб надодам. Дар охир аз ноилоҷӣ гуфт:
– Майлаш, хуб фикр кун, хез, обро тайёр кардам, таҳорат карда, намозатро хон.
Ў ҳар субҳу шом бароям оби таҳорати гарм тайёр мекард ва намозамро дар ҳуҷраи кории ў мехондам. Ин саҳар ҳам ин корро ба сомон расонда, дар болои ҷойнамоз будам, ки ў омада гуфт:
– Эй тоҷикбача, ман мусулмон мешавам, хуб фикр кун! Дини шумо аз дини мо, масеҳиён, наву олитару поку адолатхоҳ аст. Ту мегўӣ, ки сарчашмаи ҳамаи илму ҳикмати дунё Қуръони шумо ҳаст, пас чаро дили масеҳидухтарро шод намегардонӣ?
Дар миёни чор дарёи обу оташ, раҳмату заҳмат тахтабанд шуда будам ва чӣ кор карданамро намедонистам. Масеҳиеро мусулмон кардан чӣ савобе дорад, аммо дар назди зану фарзанд ва он ду авлиёи бузург чӣ мегуфта бошам? Дилам ба ҳоли зори маъшуқаи чашминтизор Валентинаи ҳалиму ғамхор месўхт. Ба насиҳати Шайх, ки дар хобам гуфта буд: – «Дил агар бо ақл машварат накунад, боиси бадбахтии инсон мегардад.
Бигзор ақл бар дил ғолиб ояд. Бигзор дар дами оташи тиру туфанги душман мардона ҳалок гардӣ». Розӣ намешавам. Ақл мегуфт: «Розӣ нашав!» ва дил мегуфт:
«Ҷони инсон ширин аст, розӣ шав! Аз марг наҷот меёбӣ!».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё